Суҳбати раиси тоҷикони Свердловск: Аз таваллуд дар боздоштгоҳ то интиқоли ҷасадҳо ба Ватан
Танҳо дар Свердловски Русия 150 ҳазор муҳоҷири тоҷик қарор дорад. 93%-и муҳоҷирони тоҷик дар ин минтақа ба корҳои сохтмон машғуланд. Танҳо 2%-ро мардуми зиёӣ ташкил медиҳанд. Аз теъдоди 150 ҳазор, 5 дарсадро соҳибкорон дар бар мегиранд. Ҳамагӣ 20%-и ин муҳоҷирон маълумоти олӣ доранд, ки 3%-ро занон ташкил медиҳанд. Аз ин теъдод 1800 нафар дар маҳбасанд. Соли 2016 як зани тоҷик дар боздоштгоҳи муваққатӣ кудак таваллуд карда буд. Имсол дар 8-уми март ҳамватанон барои як зани тоҷики дигар ба боздоштгоҳ гулу туҳфаи идона бурданд. Мушкилоти тоҷикон дар муҳоҷират рӯз то рӯз зиёд мешавад. Дар баробари ин ҳамватанони мо дар муҳоҷират ба муваффақияту комёбиҳое низ даст меёбанд. Ҳоло ба назар мерасад, ки сарнавишти тоҷикони муҳоҷир бештар ҳаволаи ҷамъиятҳои миллӣ дар Русия шудааст.
Гулҷаҳон Қодирова, хабарнигори тоҷик бо Фарух Мирзоев, раиси ташкилоти минтақавии ҷамъиятӣ-фарҳангии тоҷикон дар вилояти Свердловски Русия - “Сомон” ва муовини раиси ташкилот Яқубҷон Умаров мушкилоту муваффақияти муҳоҷирони тоҷик дар ин минтақаро баррасӣ карда, мусоҳибаи анҷомдодаашро дар ихтиёри “Озодагон” гузошт:
Суол: Муҳтарам Фаррух Маҳмадалиевич, ҳамватанони мо асосан бо кадом масоил ба шумо муроҷиат менамоянд ва шумо ба кадом мушкилоти онҳо расидагӣ карда метавонед?
- Мушкилоти муҳоҷирон абатта кам нестанд. Тасаввур кунед, аксари онҳое, ки сафар мекунанд, аз қонунгузории Русия огоҳии кофӣ надоранд ва дар бештари маврид аз нофаҳмӣ ба қонуншиканӣ, аз қабили сари вақт дуруст накардани ҳуҷҷатҳои зарурӣ роҳ медиҳанд. Ё бидуни шартномаи корӣ ба фаъолият шуруъ мекунанд. Дар натиҷа музди меҳнати худро гирифта наметавонанд, ба фиреби корфармо дучор мешаванд. Агар онҳо аз аввал ҳуҷҷатҳоро дуруст тахт намоянд, бо корфармо шартномаи корӣ бибанданд, ҳимоя намудани эшон барои мо осонтар мегардад, ҳамзамон корфармо низ масъулияти бештаре дар назди кормандаш, хоҳ вай тоҷик бошад, хоҳ дигар миллат, эҳсос мекунад. Дар чунин ҳолатҳо мо кӯшиш мекунем масъаларо бо гуфтушунид ҳал намуда, ҳаққи меҳнати муҳоҷиронро гирифта ба онҳо диҳем, агар кор бо хубӣ анҷом наёбад, ба мақомоти дахлдори Русия муроҷиат мекунем. Дар ҳолатҳои бемор шудан ва ба бемористон афтидани ҳамватанон аз ҳоли онҳо бохабар шуда, кӯмаки лозимро мерасонем. Агар мабодо нафаре ба ҳалокат расад, барои равона кардани ҷасади ӯ ба Ватан мусоидат мекунем. Ҳарчанд ин мавзуъ дарднок аст, вале бояд донист, ки барои омода намудан ва равон кардани як майит тахминан 30 000 рубл харҷ мешавад. Вақте мо аз фалокат хабар меёбем, зуд дар тараддуди равон кардани майит мешавем. Ташвишҳои омода намудани ҳуҷҷатҳои зарурӣ низ бар дӯши мост. Як нуктаро нагуфта наметавонам, ки бо мусоидат ва фармони махсуси Президенти муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ширкатҳои ватании «Тоҷик Эйр» ва «Сомон эйр» вазифадор гардиданд, ки тобути фавтидагонро ба Ватан ройгон расонанд. Мо намегузорем, ки як нафар тоҷик дар мулки бегона ба хок супурда шавад.
Суол: Ташкилоти шумо ҷамъиятист, вале аз кадом ҳисоб ин ҳама корҳоро ба сомон мерасонед?
- Бале, ташкилоти мо фақат ба корҳои ҷамъиятӣ машғул аст ва мо аз доираи масъулияту уҳдадориҳои худ берун намебароем. Бояд қайд кунем, ки дар ҳар шаҳру ноҳияи вилояти Свердловск намояндаи худро дорем, ки дар ҳолати пайдо шудани зарурат онҳо аз муҳоҷирон маблағ ҷамоварӣ намуда, ба мушкилоти бародару ҳамватани худ расидагӣ мекунанд. Дар чунин мавридҳо ҳамватанони мо беҳтарин намунаи самимияту бародариро ба намоиш мегузоранд. Лозим ба тазаккур аст, ки баъди фиристодани майит ин ҷо низ маъракаи худоӣ меороем, мардумро ошу нон медиҳем. Ҳолате буд, ки як нафар бародари мо бо зани рус хонадор шуда, беш аз даҳ сол зиндагӣ намуд ва бо амри тақдир аз дунё гузашт. Албатта хешу наздиконаш хостанд ӯро дар Ватан ҷаноза карда, ба хок супоранд, вале завҷаи русаш ба ин кор қатъиян зид баромада, дар ин масъала ҳатто ҳарфе шунидан намехост.
Суол: Чунин муаммоҳои нозукро чӣ гуна хал мекунед?
- Яқубҷон Умаров: - Бо ин зан дуру дароз сӯҳбат доштам. Хеле насиҳаташ кардам. Ба ӯ фаҳмонидам, ки даҳ соли охири умри ин мард бо ӯ гузаштааст. Даҳ сол аст, ки волидайн ва наздиконаш ӯро надиданд, дар лаҳзаҳои вопасин видояш нагуфтанд.
- «бидон ва тасаввур кун, ки онҳо низ наздиконаш ҳастанд, дӯсташ медоштанд ва чашм ба роҳаш буданд. Аммо ӯ туро интихоб карду ин қадар солҳо бо ту буд. Бояд эшон ҳадди ақал бо мурдааш хайрухуш намоянду мазорашро зиёрат кунанд. Муҳим нест, ки ӯ дар куҷо ба хок супурда мешавад, муҳим он, ки дар қалби ту ҳамеша ёдаш мемонад», -гуфтам ба ӯ. - Хуллас кӯшишҳои мо натиҷа доданду зан розӣ шуд, вале шарт гузошт, ки бояд вай бо писараш ва боз як нафар аз хешовандон майитро ҳамроҳӣ кунанду дар маросими ҷаноза дар Тоҷикистон иштирок намоянд. Табиист, ки харҷи роҳ ва буду боши ин зан ва ҳамсафаронаш низ ба дӯши мо уфтод. Хуллас, чунин аст фаъолияти рӯзмарраи мо. Баррасии мушкилоти муҳоҷирон ва ҳалли онҳо.
Суол: Ба чашм мерасад, ки агар солҳои қаблӣ муҳоҷират сирф симои мардона дошт, имрӯз қисме аз ҳамватанони мо оилаҳои худро низ барои зиндагии доимӣ ҳамроҳашон меоранд. Занҳои тоҷик дар кишвари рус ба чӣ корҳое машғуланд ва умуман чӣ аҳволе доранд? Аз кадом ҳуқуқҳо бархурдоранд ва чӣ имтиёзҳое барои фарзандонашон дода мешавад?
- Шумо дуруст қайд кардед, ки имрӯз шумораи занони тоҷик дар Русия зиёд шудааст, вале бояд тазаккур диҳам, ки қисми зиёдашон хонанишинанду ба тарбияву нигоҳубини кӯдаконашон машғуланд. Табиати марди тоҷик чунин аст, ки дар бештари вақт ба кор кардани завҷааш иҷозат намедиҳад. Ҳастанд қисми заноне, ки ба кор ҷалб шудаанд, вале шумораи онҳо зиёд нест. Аммо хонанишинии занон на ҳамеша хуб аст. Чунки рӯзи дароз дар хона нишаста, бидуни муошират ва бидуни ҳаёти иҷтимоӣ баъзе аз занони мо ба афсурдагӣ (депрессия) дучор мешаванд. Баъзеи ин занҳо ба мушкилоти руҳӣ тоб наоварда, ба Ватан бармегарданд. Инсон албатта дар миёни ҷомеа инкишоф ёфта, рушд мекунад. Дар боби кӯдакони муҳоҷирон бошад, мушкилоте нест. Кӯдакони моро бидуни ҳеҷ монеа ба мактабу боғчаҳо қабул мекунанд, беш аз ин, дар мактабҳои миёна барои кӯдакони муҳоҷир курсҳои забономӯзӣ ташкил медиҳанд, то забони русиро омӯхта, аз худ кунанд. Муносибат бо кӯдакон хуб аст. Агар волидайни кӯдак дорои иҷозатномаи истиқомати муваққатӣ (РВП) ва ё иҷозатномаи иқомат (ВнЖ) бошад, чунин оилаҳо аз ҳама имтиёзҳои иҷтимоӣ, аз қабили ширпулӣ ва кӯдакпулӣ бархӯрдор хоҳанд буд. Инчунин ман маслиҳат медодам, ки дар вақти сафар модарони кӯдакдор ҳамон дафтарчаи эмгузаронии кӯдаконашонро ҳамроҳ биёранд. Дар сурати мушкилӣ кашидан дар омода намудани ҳуҷҷатҳояшон метавонанд ба мо муроҷиат намоянд. Дафтари кории мо дар маркази Екатеринбург – кӯчаи 8-уми март, хонаи 33 ҷойгир аст. Мо ҳамеша омодаи кӯмак ба ҳамватанонамон ҳастем.
Суол: Кӯдакони тоҷике, ки дар Русия таваллуд мешаванд кадом ҳуқуқҳоро доранд?
- Кӯдаконе, ки дар Русия аз волидайни тоҷик ба дунё меоянд шаҳрвандии волидайнашро доранд, яъне ин тифлон шаҳрванди Тоҷикистонанд. Барои ин кӯдакон дар сурати доштани ҳуҷҷати ИИМ ва ИИ мисли шаҳрвандони Русия ҳама имтиёзҳо дода мешавад. Агар зани дорои ИИ (ВНЖ) дар Русия кӯдак ба дунё орад, он гоҳ дар баробари ширпулӣ, инчунин ба андозаи маоши ҳади аққал то 2-5,-3 солагии кӯдак ҷубронпулӣ барои нигоҳубини кӯдак хоҳад гирифт. Барои ҳамин агар шаҳрвандони мо ҳуҷҷатҳояшонро дуруст намоянд, ин пеш аз ҳама ба манфиати худи онҳо ва оилаашон хоҳад буд. Чанде пеш мо дар ҷаласаи Шӯро иштирок намуда, барои осон намудани буду боши муҳоҷиронамон якчанд пешниҳоди хуб намудем. Аз ҷумла Ҷамъият пешниҳод намуд, ки аз баски қисми зиёди занони тоҷик дар хона мешинанду ба коре машғул нестанд, бигузор аз рӯи ҳуҷҷатҳои шавҳарашон (патент) онҳо низ ба қайд гирифта шаванду барои бо шавҳарашон мондан маҷбур нашаванд, патенти алоҳида омода кунанд. Агар ин пешниҳод қабул шавад, бениҳоят хуб мешавад, чунки аксари муҳоҷирон барои он завҷаашонро ҳамроҳ намеоранд, ё баъди чанд фурсат ба Ватан мефиристанд, ки аввалан намехоҳанд занашон кор кунад, мехоҳанд дар хона нишаста, кӯдаконашонро нигоҳубин кунанд, вале бо гузаштани се моҳ зан дигар ҳуқуқи конунии дар Русия монданро надорад. Вай бояд патент бигирад ё баргашта ба Ватан равад. Албатта ин барои буҷаи оилавии онҳо зарари молии кам нест. Инчунин пешниҳод кардем, ки кӯдакон низ дар асоси ҳуҷҷатҳои падару модарашон ба қайд гирифта шаванд.
Суол: Дар мавриди нафароне, ки қонуни будубоши Русияро вайрон намудаву дар боздоштгоҳҳои муваққатӣ қарор доранд, чӣ мегӯед?
- Мо пайваста аз ҳолати ин нафарон огаҳ мешавем, хабарашон мегирем ва кӯмак мекунем. Назорат менамоем, то ҳуқуқҳояш поймол нагардад. Агар имконияти қонунии дар Русия мондани ин муҳоҷирон бошад, мо талош мекунем, ки барои монданашон мусоидат намоем, вале агар имкон набошад барои зудтар ба Ватан интиқол додани онҳо ёрӣ мекунем. Хешу наздиконашонро кофта меёбем, алоқаро миёни эшон барқарор месозем. Дар рӯзҳои ид аз ҳолашон хабар гирифта, чизҳои лозимиро харида мебарем. Дар арафаи иди занон, чун хабар ёфтем, ки як нафар зани тоҷик дар ин макон аст, бо гулу тӯҳфаҳо ба дидорбинияш рафтем… Соли гузашта як зани тоҷик дар ин макон кӯдак таваллуд намуд. Гап сари он аст, ки аз рӯи қонун агар мӯҳлати ҳомиладорӣ аз моҳи шашум ҳатто як рӯз гузашта бошад, ба парвоз иҷозат намедиҳанд. Ин зани ҷавон, ки қонунро вайрон намуда буд ва болои ин мӯҳлати ҳомиладориаш аз шаш моҳгузашта буд, маҷбур шуд, то замони таваллуди кӯдак як муҳлати муайяни баъди таваллуд дар он макон бимонад. Надонистани нозукиҳои қонун муҳоҷирони моро бо мушкилоти ғайриинтизор дучор менамояд.
Суол: Пӯшида нест, ки беҳтарин инъикосгари халқу миллатҳо фарҳанг ва урфу одатҳои миллӣ мебошанд. Танҳо тавассути фарҳанги зебоямон мо метавонем таърихи бою ғанӣ ва қадимаи миллатамонро ба мардуми дигар кишвар муаррифӣ намоем. Барои нигоҳдории фарҳанги тоҷикона ва ҳувияти миллӣ Ҷамъияти «Сомон» чӣ тадбирҳоро рӯйи даст дорад?
- Мо ҳама иду ҷашнвораҳои миллиро бошукуҳу тантана таҷлил мекунем, ки Наврӯз яке аз дӯстдоштатарини онҳост. Наврӯзро он гуна таҷлил менамоем, ки намояндагони дигар халқу миллатҳо низ ба он мароқ зоҳир намудаву ҳамроҳи мо ҷашн мегиранд. Кӯшиш мекунем бештар ҳунарҳои дастӣ, аз қабили атласт, чакан, гулдӯзи, зардӯзи ва дигар ҳунарҳои мардумиро ба намоиш гузорем ва аз фарҳанги волои тоҷикон ҳамагонро бохабар кунем. Хӯрокҳои миллӣ аз қабили палав, оши бурида, дангича, суманак, кулчаҳои равғанӣ ва нонҳои чаппотию гирдачаи тоҷикӣ ороишгари хони наврӯзии мост. Ҳафтсину ҳафтшинро низ фаромӯш намекунем. Дар ҷашни Наврӯзиамон соли гузашта ҳокими вилоят иштирок намуда буд. Имсол низ нақшаи таҷлили Наврӯзро дорем.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |