Наттоқи шинохтаи телевизион сардори Идораи телевизион ва радиои вилояти Суғд шуд
Мунира Раҳимова, наттоқи маъруфи телевизион ва муовини собиқи раҳбари Академияи васоити ахбори оммаи Тоҷикистон ба вазифаи сардори Идораи телевизион ва радиои вилояти Суғд таъйин шудааст.
Курсии раҳбари Идораи телевизион ва радиои вилояти Суғдро аз соли 2010 ба ин сӯ Аюбҷон Саъдуллозода дар ихтиёр дошт. Бино ба иттилои дафтари матбуоти ҳукумати вилоят ҳоло ӯ ба кори дигар гузаштааст. Манбаъ мегӯяд, муаррифии раҳбари нави Идораи телевизион ва радиои вилояти Суғд имрӯз бо ҳузури Садриддин Шамсиддинзода, муовини раиси Кумитаи телевизион ва радио ва Рустам Раҳматзода, муовини аввали раиси вилоят баргузор гардидааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |