Шарҳи ВКД дар бораи таркиши маргбори назди Прокуратура (АКС)
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон ҳалокати Ҳасанбой Раҳмонови 67-соларо дар пайи як таркиш дар назди бинои додситонии ҳарбии гарнизони Хатлон дар шаҳри Қӯрғонтеппа тасдиқ кард.
Тибқи иттилои ин ниҳод 12-уми марти соли 2017, тахминан соати 21:27-дақиқа, дар кӯчаи Айнӣ, дар наздикии бинои Прокуратураи ҳарбии гарнизони вилояти Хатлон шаҳрванд Раҳмонов Ҳасанбой Эмомбердиевич, соли таваллудаш 1950, истиқоматкунандаи кӯчаи Айнӣ, хонаи 63, ҳуҷраи 31, миллаташ ӯзбек, посбони Литсеи тамоюли техникии шаҳри Қӯрғонтеппа дар натиҷаи таркиши лавозимоти таркандаи дар дасташ буда, ба ҳалокат расидааст.
Манбаъ афзуд, барои муайян намудани намуди дастгоҳи таркишӣ, тарз ва ҳолатҳои баамалоии таркиш чорабиниҳо андешида шуда истодаанд: "Парвандаи ҷиноятӣ аз тарафи Прокуратураи вилояти Хатлон оғоз шуда, тафтишот идома дорад”.Аксҳо аз макони ҳодиса:
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |