Ғурбатнишини арҷманд
Дорои Дӯст
Ӯ аз диёр, аз бизангоҳ ҷомадонашро бардошту бирафт ба Олмотӣ, ба қадршиносони дониш бо мағзе саршор аз андешаҳои адабӣ ва фарҳангӣ.
Роҳаш бе ишораҳо, бе роҳнамо чун хатти шикаста буд, аммо шикастагӣ ва навмедӣ роҳнавардро бегона. Бо сахткӯшӣ ва хиради аслҷӯӣ пажӯҳишҳояшро дар заминаи Эронзамин ва пайвандҳои фарҳангии он бо даштиқипчоқиён-қазоқон бидуни чашмдоште оғоз кард, китобҳо навишту ба чоп расонд.
Худовандони мулк корҳояшро нек шинохтанд ва арҷ ниҳоданд -ба рӯи синааш нишони тилло нишонданд, синае, ки оташи ишқи хостгоҳро ҳамвора фурӯзон дорад.
Дарахти истеъдод дар киштгоҳи ғурбат борвар гардид ва донишвар чеҳраи тираи ҳаммиллатони ба вижа рӯзгори даргириҳоро дар оинаи чашму зеҳни яке аз қавмҳои туркизабон дигаргуна сохт.
Басо ситорасӯхтагони ҷаста аз заҳдони зишти тамаллуқу табаҳкорӣ солҳо дидаҳо ба минбарҳо дӯхтаанд, то даҳоне номашонро дар зумраи хушномон овоз диҳад.
Имрӯз дар ҳоле ки лӯлаҳои нафту гози Қазоқистон ба Машриқу Мағриб меравад, Сафар Абдуллоҳ ба танҳоӣ чун як маъбар ё гузорандаи тавонманди фарҳанги Эронзамин ба Дашти Қипчоқ номвар шудааст.
Замоне дар минтақае аз Қазоқистон бомби ҳастаиро меозмуданд, акнун чи хуш ки қазоқҳо фарҳанги сипеҳрандеши форсинависонро дар ҷони хеш таҷриба мекунанд.
Онон дарёфтанд, ки танҳо рӯзгори хариду фурӯши маъданҳои поёнпазири табиат нест, даврони доду ситад, асаргузорӣ ва асарпазирии сохтаҳои завқу хиради инсонҳо низ ҳаст. Миллатҳои дурандешу пештозу ҳукмрон ҳамвора дар арсаи таърих ин сиёсатро дунбол кардаанд.
Зимнан, дар доду гирифти таърихӣ Эронзамин ҳампаймонон ва ҳатто бадхоҳонашро неъмати фаровони фарҳанг додааст.
Пажӯҳидан бар бунмояи ҳақиқат расидан аст.
Пажӯҳишҳои Сафар Абдуллоҳ ба сурати кулл паёми одамият, ворастагӣ ва ишқ ба инсонҳо дорад. Онҳо аз роҳбандон, бунбастҳо, марзҳои сиёсӣ ва бадхоҳӣ гузаштанд ва чеҳраи пажӯҳандаи фарҳанггустари як инсони номусмандро бо тафаккури шоиронаву интиқодияш намоёнданд.
Ба ин андешаам, ки ин ибтикори ҷараёнсози пайвандҳои тозаи фарҳангии Эронзамину Қазоқистон дар тасмимгириҳои давлатиён ва сиёсатҳои гуногунпаҳлӯ боасар хоҳад буд.
Охир чиро дар ҷаҳоне, ки ҳар рӯз ба василаеву баҳонае пора-пораву хуншору табоҳ шудан дорад, ҳушмандони миллатҳо аз роҳи фарҳанг ҳамсӯиву ҳамдилӣ наҷӯянд ва ба дидори якдигар нашитобанд?
Бубинед, дар он ҷое, ки сиёсатмадорон радди марз мешаванд, фарҳангмадорон дар садри анҷуманҳо, дар хонаи дилҳо менишинанд. Фаротар аз ин, дидем, ки дар ҷаҳон пайкараҳои сиёсатиён фурӯ афканда ва муҷассамаҳои фарзонагон афрохта мешаванд.
Сафар Абдуллоҳ шаҳрванди қонунманди Эронзамини таърихист ва дар саросари осори пажӯҳишияш як дарди бузург нуҳуфтааст ва он дард ҳамвора бонг мезанад: он паҳно чаро замоне чунон буда ва акнун чунин гашта?
Чеҳраи шахсияти донишманд ранги ҷавҳарӣ дорад, бо рангҳои судҷӯӣ, чоплусӣ ва бандагӣ олуда нест.
Дар рӯзгор пуштаеву овозаи касеро такягоҳ насохт, балки худ касонро ҳатто дар ғурбат пуштвон гардид.
Ғурбатнишин шуд, вале дастхуши ҳаводис ва таҳнишини мурдоби зиндагӣ нагашт, бо ҳиммати воло, хирад ва ворастагӣ пешгоҳнишини арҷманд шуд.
Бо халачӯби сиёсате муҳрае дар дастгоҳи қудрате ё қудратнамое нагашт; Гарданаш аз банду чанбари ҳукмҳое кулфатборе чун “Инро бигӯй!”,”Онро бикун!” ва “Фалонро биситой!” озод аст. Хории маънавӣ ӯро бегона аст.
Ба як сухан, Сафар Абдуллоҳи чошнигири мазаи рӯзгори хеш ва бениёз аз устура сарфасли корномаи муҳоҷирони фарзона ва падидае дар гузари тунди замона бо нақше носутурданӣ аст.
Чароғи истеъдоди ин дӯсти озода ҳамвора рӯшан, мизи таҳрирашон побарҷо ва қаламашон пуррангу равону давон бод!
Дар ин базмгоҳ ба поси ин рӯз ҷоми саршори хешро аз нӯшобаи Панҷрӯд, ки аз пистонҳои сангини Чимтарға ҷӯшидаву ба дуриҳо медавад, якбора сар мекашам.
Бо умед ба тафаккури зоё ва саранҷоми хуш ба талошҳо.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |