Шарҳи “Тоҷик Эйр”: Чархи рости ҳавопаймо дар Тароз осеб дид
Ширкати ҳавопаймоии “Тоҷик Эйр” далели нишасти изтирории ҳавопаймояш дар фурудгоҳи Хуҷандро ба осеби чархи рости ҳавопаймо рабт дод.
Азизулло Хайруллоев, сухангӯи “ТоҷикЭйр” ба “Озодагон” гуфт, чархи рости ҳавопаймои Boeing737 – 300 ҳангоми парвоз аз фурудгоҳи Тарози Қазоқистон осеб дид: “Ҳавопмаймо соати 19:05-и вақти маҳаллӣ аз Хуҷанд ба Тароз парвоз карда, соати 19:50 дар ин шаҳри Қазоқистон фуруд омад. Парвоз аз Тароз 21:05 сурат гирифт. Мушкили техникӣ ҳангоми парвоз дар фазои Қазоқистон ошкор шуд ва сардори ҳайати халабонҳо тасмим гирифт, ки ба фурудгоҳи Хуҷанд баргардад. Соати 24:39 ҳавопаймо дар шаҳри Хуҷанд фуруд омад”.
Ба иттилои Хайруллоев дар ҳавопаймо 140 мусофир, аз ҷумла 7 кӯдак ва 9 узви экипаж қарор доштанд: “Дар пайи ин ҳодиса касе осеб надид ва ҳамаи мусофирон бо меҳмонхона ва ғизои гарм таъмин шуданд”.
Ҳавопаймои мазкур аз шаҳри Хуҷанд ба Маскав парвоз дошта, дар Тароз барои гирифтани сӯзишворӣ фуруд омадааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Феврал 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 |
3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 |
10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 |
17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 |
24 | 25 | 26 | 27 | 28 | |