Рейтинги ФИФА: Тоҷикистон ҳанӯз дар ҷойи 133 аст
Тоҷикистон дар раддабандии нави FIFA (Федератсияи байналмилалии футбол), ки 9 март нашр шуд, мавқеашро тағйир надода, бо 231 имтиёз зинаи 133-юмро муаррифӣ мекунад.
Федератсия футболи Тоҷикистон мегӯяд, моҳи сипаришуда мунтахаби кишвар ягон бозӣ надошт, бинобар ҳамин мақомаш дар рейтинг бетағйир мондааст. Ба иттилои манбаъ, мунтахаби футболи кишвар давоми моҳи равон ду бозӣ яке бо Баҳрайн бозии дустона ва дар доираи мусобиқоти Ҷоми Осиё-2019 бо Яман дидор хоҳад кард. Дар пайи ин бозиҳо мавқеи Тоҷикистон дар раддабандии ояндаи ФИФА, ки 6 апрел нашр мегардад, тағйир хоҳад ёфт.
Миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ Узбакистон пештоз аст. Ин кишвар дар ҷойи 63-юм нишастааст. Қазоқистон дар зинаи 94, Қирғизистон 125 ва Туркманистон дар зинаи 144–уманд.
Мунтахаби Аргентина дар феҳристи нави ФИФА бо 1644 имтиёз мақоми аввалро касб намудааст. Бразилия (1534 имтиёз) дар ҷойи дувум ва Олмон (1443 имтиёз) дар ҷойи севум мебошанд.
Чили, Белгия, Фаронса, Колумбия, Португалия, Уругвай ва Испания шомили даҳгонаи беҳтарин тимҳои миллии ҷаҳон гардидаанд.
Рейтинги FIFA аз соли 1993 ба ин сӯ тартиб дода шуда, имтиёзҳо ба кишварҳо аз рӯи натиҷаҳои дастаи мунтахаби миллии ҳар кишвар дода мешавад. Натиҷаи беҳтарини мунтахаби Тоҷикистон дар феҳристи FIFA ҷойи 106-ум дар моҳи июни соли 2013 ва натиҷаи бадтаринаш ҷойи 180-ум дар соли 2003 мебошад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |