Э.Раҳмон ҳамлаи “ДИИШ” дар Кобулро маҳкум кард
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ҳамлаи афроди мусаллаҳро ба бемористони низомӣ дар маркази Кобул маҳкум кардааст.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо ирсоли барқияи тасаллият ба унвонии ҳамтои афғонаш Муҳаммад Ашраф Ғанӣ изҳор доштааст, ки “хабари фоҷеабори ба ҳалокат расидан ва захмӣ шудани даҳҳо шаҳрвандони кишвари дӯсти Афғонистон бар асари ҳамлаи силоҳбадастон ба бемористони низомӣ дар шаҳри Кобул боиси андуҳ ва нафрати беандозаи мо гардид".
Эмомалӣ Раҳмон гуфтааст, мо ин амали ғайриинсонии интиҳориёнро шадидан маҳкум карда, бори дигар зарурати муборизаи беамону муташаккилонаи дастаҷамъонаро алайҳи терроризм ва ифротгароӣ қотеона таъкид менамоем.
Президенти кишвар, ҳамдардиву тасаллияти амиқи хешро ба наздикону пайвандони қурбоншудагон изҳор намуда, ба ҳамаи осебдидагон шифои комил орзу кардааст.
Ҳамлаи афроди мусаллаҳ ба бемористони низомии Сардор Муҳаммад Довуд дар Кобул субҳи 8 март ба вуқуъ пайваста, дар натиҷа 30 тан ҳалок ва бештар аз 50 нафари дигар захмӣ шудаанд. Масъулияти ҳамларо созмони террористии ба ном "Давлати исломӣ" ба дӯш гирифтааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |