Ҷузъиёти баргардондани пули мардум ва эълони сабаби бастани 2 бонк
Суди иқтисодии шаҳри Душанбе барои оғози барҳамдиҳии бонкҳои “Тоҷпромбонк” ва “Фононбонк” ҳалнома қабул кардааст. Ин ҳалнома дар пайи аризаи Бонки Миллӣ қабул шуда, додгоҳ мудири махсуси барҳамдиҳии ин ду бонкро таъин намудааст.
Тибқи иттилои Бонки Миллӣ мудири махсус барои қонеъ кардани талаботи амонатгузорону қарздеҳон аз ҳисоби дороиҳо ва молу мулки ин бонкҳо, аз ҷумла баргардонидани қарзҳо ва гаравҳои онҳо фаъолияти худро ба роҳ мемонад.
Манбаъ мегӯяд, талаботи шахсони воқеӣ, ки дар бонкҳои мазкур пасандоз доранд, дар ҳаҷми то 17 500 сомонӣ бемонеа аз ҷониби Хазинаи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ ҷуброн карда мешавад: “Маблағҳои боқимондаи пасандоздорон аз ҳисоби дороиҳо ва моликияти бонкҳои номбурда пардохт карда мешавад”.
Бонки Миллӣ таъкид намудааст, ки талаботи пасандоздорон бартарият дошта, тибқи қонунгузорӣ қабл аз пардохтҳои андозӣ ва дигар талаботи қарздеҳон қонеъ карда мешавад: “Боиси тазаккур аст, ки аз лаҳзаи оғози барҳамдиҳии бонкҳо муҳлати пардохти ҳамаи уҳдадориҳои қарзии бонкҳо фарорасида ҳисоб мешавад ва ҳисоб кардани ҳамаи ноустуворона (пеня) ва фоизи уҳдадориҳои қарзии бонкҳои мазкур қатъ мегарданд”.
Ин ниҳод далели бозхонди иҷозатномаҳои “Тоҷпромбонк”-у “Фононбонк”-ро ба буҳрони молиявии ҷаҳонӣ ва пардохтпазирии ташкилоти мазкур рабт додааст: “Аз ин рӯ, Бонки миллии Тоҷикистон бо мақсади пешгирӣ намудани афзоиши хавфҳо ба манфиатҳои пасандоздорону қарздеҳон ва таъмини иҷрои уҳдадориҳои онҳо тасмими саривақтӣ гирифт ва тибқи қонунгузорӣ иҷозатномаҳои ҶСП “БСТ ТИСТ “Тоҷпромбонк” ва ҶСК “Фононбонк” бозхонд карда шуданд”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |