8 март: Садама дар Данғара 6 кушта барҷой гузошт
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, 8-уми март бархӯрди ду сабукрав дар Данғара 6 кушта ва 2 маҷруҳ барҷой гузошт.
Тибқи иттилои ин ниҳод тахминан соати 09:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “ВАЗ-21099”, марди 27-солаи сокини ноҳияи Фархор, ҳангоми ҳаракат аз шаҳри Душанбе ба самти Кӯлоб, дар ҳудуди ноҳияи Данғара, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба автомашинаи “Опел-Астра”-и самти муқобил, ки таҳти идораи марди 43-солаи сокини шаҳри Кӯлоб қарор доштааст, бархӯрдаст: “Дар пайи бархӯрд ронандаи “ВАЗ-21099” ва мусофирони он - зани 49-солаи сокини шаҳри Душанбе, марди 55-сола ва зани 56-сола, сокинони ноҳияи Ҳамадонӣ дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расидаанд. Инчунин мусофирони автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”- зани 56-сола ва писарбачаи 7-сола, сокинони ноҳияи Данғара дар ҷойи ҳодиса ҷон доданд”.
Ба иттилои ВКД ронандаи “Опел-Астра” ва мусофири дигари автомашинаи мазкур - марди 80-солаи сокини ноҳияи Муъминобод ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд.
Манбаъ афзуд, 8-уми март соати 00:10-дақиқа дар Душанбе низ садамаи маргбор рух дод: “Ронандаи автомашинаи тамғаи “Тайота-Камри”, марди 36-солаи сокини шаҳри Душанбе, ҳангоми ҳаракат дар кӯчаи “Дӯстии халқҳо”, зани 56-солаи сокини шаҳри Душанберо зер намудаст. Дар натиҷа пиёдагард ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта дар беморхона ба ҳалокат расид”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |