Бахшҳо

МОДАРАМ: Инсоне бо ҳарфи бузург

Иршод Сулаймонӣ

Ман баъзан гумон мекунам, ки падарамро нисбат ба модарам бештар дӯст медорам. Аммо хеле хуб аст, ки ин танҳо як пиндор аст. Чун муҳаббати фарзанд ба модару падар тақсим намешавад. Онҳо сарманшаи саодат ва ифтихори фарзанд ҳастанд ва низ боқӣ мемонанд. Барои ҳар фарзанде чун ман ифтихор аст, ки дар ростои зодрӯзи модараш ӯро табрик мекунад. Шояд модарҷони ман ҳеч вақт ниёзманди табрики ман набудаанд. Чун бе ин ҳам медонанд, ки ман онҳоро эҳтиром дорам ва сина-сина ифтихороти даруниро бо умеди хушрӯзиву бардамияшон бо худ мебарам. Дигарҳоро намедонам, ба ҷойи каси дигаре сухан намегӯям, муҳаббати каси дигареро аз модараш дуздиданӣ нестам, аммо ҳеч вақт мисли навиштани ин матлаб, имшаб бо муҳаббат сари компутар нанишастаам, ки бо кайфият ва як самимияти вижа рози дил кунам.

Ба дунёи кӯдакӣ ба сайр меравам, ки он ҳамеша рангин аст. Ба насиҳатҳои модарам аз дидгоҳи тифлиям, аммо бо ақлу идроки имрӯзӣ гӯш медиҳам. Ҳамеша зимни насиҳат фарзандони деҳаро, ки ба ҷойгоҳе расида буданду дар зиндагӣ муваффақ гаштаанд ба ман мисол мезад. Бо ин ният, ки ман ҳам мисли онҳо шавам. Аммо ман ҳеч вақт дар муқобили ин мисолҳо модарони ҳамсояро барояш мисол оварда наметавонистам. Зеро ӯ барои ман қиёснашаванда аст. Ӯ олтернотив надорад, чаро ки модари ман аст. Оё каси дигар метавонист модари ман бошад? Не! Зеро насиҳати ӯ, фарзанди ӯ, иффати ӯ, халоққияти ӯ, шоистагии ӯ, ворастагии ӯ, ҳиммати ӯ, муҳаббати ӯ, ҷаҳони ӯ, фалсафаи ӯ, мазҳаби ӯ, Худошиносии ӯ танҳо ба худаш махсусанд.
Ман садоеро аз най хуштару дилнишинтар, мусиқиеро форамтару гуворатар, оҳангеро марғубатар ва мутантантар медонам. Ин садои хандаҳои модари ман аст, ки хеле сода, форам, самимӣ ва дилнишин дар фазои нигоҳ ва чеҳрааш танинандоз аст.

Баъазан бо таассуф ва дард ҷойи ин мусиқии руҳнавозро дар хонаи муҳаббате, ки ба модарам дорам як оҳанги ҳузнангезе ба иҷора мегирад. Ин гиряи модари ман аст. Аммо эҳсос мекунам, ки ин гиря низ ба ӯ махсус аст. Шояд гиряи ҳама модарон ҳузнангез ва муассиранд, ки онҳо аз тасаввури ман берунанд ва фаротар аз ҳасоссиятҳои равонии ман қарор доранд. Чун ман ба онҳо муҳаббати вижа надорам.

Ман ба Худо ҳасад бурда наметавонам, вале ба модарам ҳасад мебарам, зеро аз ман бузургтар аст. Ҳеч вақт наметавонам аз ӯ бузургтар бошам. Модари ман модари нуҳ фарзанде чун ман аст, ки якояки онҳо аз ӯ ифтихор доранд. Мо ҳама чизро аз падару модарам ба мерос гирифтаем ва пеш аз ҳама рисолати тааллуқ доштан ба онҳоро. Дар ин лаҳзаҳое, ки модарам зодрӯз доранд, ҳамаи мо, шаш бародару се хоҳар як саволро аз ҳамдигар мепурсем, ҳарчанд посухи ин саволро медонем. Ин як саволи сода аст, ки танҳо мо ӯро тасаввурношуданӣ медонем. Ва ин савол ҳам ин аст, ки воқеан модарҷони мо шастуандсола шуд? Ман мегӯям, ки не. Зеро ӯ барои мо ҳамеша ҷавон аст, нозанин аст, бебадал аст.

Мо сафедии зиндагиро бо шарофати рӯсарии сафеди намунаи иффаташ дарёфтаем. Эҳтиромро аз ахлоқи баландаш дарк кардаем. Ҳалол хурданро аз покияш хулоса намудаем. Дӯст доштанро аз ӯ омӯхтаем. Садоқатро дар бедорхобиҳояш мушаххас кардем ва хиёнатро намедонем. 47 сол мешавад, ки саодати хонаводаи моро Худованд ба баракати пешвоёни мазҳаби зиндагии мо-падару модари азизамон устувор нигоҳ медорад. Ин саодат муқаддасоти ҳамешагии рӯзгори мост. Мо барои гиромӣ доштани ин муқаддасот масъулем. Ин ягонаи моддаи Қонуи Асосии хонаводаи мост.

Рӯзгори босаодати ҳама модарон таъмин бод. Мо, ҳама, аз вазир то сағир мадюни шоистагии модарем!
Мӯҳр
ошно
Офарин Иршодчон, сад офарин!

Озодагон! Вакте, ки як нафар ду руз пас макола менависад, ба хама дилбазан мешавад, гарчанде, ки мавзуи руз бошад. Е шояд шумо дигар чизе намеебед, ки чоп кунед. Кароче, не интереснооооо....

дусти рахдур
Мавлуди МОДАРи азиз муборак, дустам!
Худованд сояашонро аз сари Шумо дур накунад!
Хеле самимона, дар як нафас хондам.

Офарин. Мехрномаи фарзанд ба модар хеле самими навишта шудааст. Ва инро танхо Иршод навишта метавонад. Бехтарин.

Зоири С
Офарин, сад офарин....

Мухочир
Ахсан иршодчон бехтарин сафи инхел фарзандони модардусдоро зиедтар ку над Мефахрем бо шумо ин хам аз тарбияи хуби хонаводаат АСТ

Ба ду чиз дар навиштаи ин муаллиф мехостам таъкид кунам: набояд ба Модар ва дигарон ҳасад бурд, калимаи "ҳасад" бори маъноии манфӣ дорад, инсони комилу бо фарҳанг набояд "ҳасад" бубарад, балки ғабта бояд бихӯрад. Дар мавриди модари хеш Иршод низ набояд "ҳасад барад, балки ғабта бояд хӯрад. Дар корбурди калимаи "ғабта" бархалофи калимаи "ҳасад", ки мутаассифона, бештари нависандагону муаллифони мо онро нодуруст истифода мекунанд, ҳеч мафҳуми манфие мавҷуд нест, дар навиштаҳои бузургони мо дар гузашта метавон зиёд корбурди "ғабта" -ро мушоҳида намуд.
мадюни шостагӣ гуфтан чандон саҳеҳ нест, беҳтар аст бигӯем мадюни хадамоти (хизматҳои) модар

Хама модарон лоики чунин суханхоянд, вале на хама фарзанд чунин самимиятро эхдо карда метавонад.

Сад чону дил фидои як мудаои модар. Офарин.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)