Ҷасади корманди IRS баъди 17 рӯз аз зери тарма ёфт шуд
Ҷасади як корманди ширкати IRS, ки 18 феврал зери тарма монда буд, пайдо шудааст.
Аз дафтари матбуоти ин ширкат ба “Озодагон” гуфтанд, кормандони ширкат ҷасади Бахтиёр Амирови 49-соларо чанд дақиқа пештар аз зери тарма берун овардаанд. Ба иттилои манбаъ, Амиров ба сифати корманди роҳ фаъолият карда, 18 феврал дар километри 49-и шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд зери тарма мондааст.
Ин дар ҳолест, ки 19 феврал ширкати саҳомии “Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД” ё IRS, ки масъули нигоҳбонии ягона роҳи заминии пайвандгари Душанбе бо шимоли Тоҷикистон аст, хабар дод, ки 7 кормандаш баъди зуҳри 18 феврал дар километри 72-юми роҳи Душанбе-Чаноқ ҳамроҳи техникаи роҳрӯбӣ зери тарма монданд: “Шоми 18-уми феврал 1 нафар ва субӽи 19-уми феврал се нафар аз зери тарма наҷот дода шуданд”.
Ба иттилои дастари матбуоти ширкат, 19 феврал ҷасади се тани дигар -- Ҷаъфар Ёралиеви 48-сола, Фахриддин Ашурови 45-сола ва Некруз Зуҳурови 28-сола пайдо гардид.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |