Кумитаи дин барои "Ҳаҷ-2017" роҳбалад меҷӯяд
Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии Тоҷикистон ҷиҳати интихоби роҳбаладони мавсими “Ҳаҷ-2017” озмун эълон кардааст.
Афшини Муқим, сухангӯи ниҳод имрӯз, 6 март ба “Озодагон” гуфт, онҳое ба ҳайси роҳбалад баргузида мешаванд, ки аз маносики ҳаҷ огоҳии комил дошта, дорои малакаи хуби ташкилотчигиву муошират бо ҳоҷиён бошанд. Ҷисман обутобёфта будан ва дар шароити душвор кор карда тавонистан, донистани забони арабӣ ё англисӣ дар сатҳи муошират ҳам яке аз дигар шартҳои озмун будааст.
Ба иттилои ӯ, дар озмуни роҳбаладони мавсими “Ҳаҷ-2017” афроди то 60-сола метавонанд иштирок намоянд: “Барои довталаби озмун шудан, ба номи раиси Кумита ариза навишта, нусхаи шиноснома, маълумотнома аз ҷойи истиқомат, маълумотномаи тиббӣ (шакли 086), 2 адад расми 3х4 ва варақаи шахсиро пешниҳод кардан зарур аст”.
Сухангӯи Кумитаи дин афзуд, довталабон бояд ҳуҷҷатҳоро то 31 марти соли 2017 унвонии ин ниҳод ирсол намоянд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Декабр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 |
2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 |
9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 |
16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 |
23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 |
30 | 31 | |