Ёрии башардӯстонаи Узбакистон ба Тоҷикистон: Дору, либос, ғизо...
Бо дастури Шавкат Мирзиёев, раисҷумҳури Узбакистон ҳукумати ин кишвар ба Тоҷикистон ёрии башардӯстона мефиристад.
Бино ба иттилои расонаҳои узбакӣ, ин кумакҳо, ки аз ғизо, дору, маводи сохтмон, либос ва дигар маводи ниёзи аввал иборат буда, ҳудуди 60 тонна вазн дорад, барои сокинони аз офати табиӣ зарардидаи Тоҷикистон равона шудааст.
Ин дар ҳолест, ки охирҳои моҳи феврал тайёраи "Ил-76"-и Вазорати ҳолатҳои изтирории Русия бо ҳудуди 40 тонна кумаки башардӯстона аз аэродроми “Раменское” ба Душанбе парвоз кард. Ин кумак бо дастури Владимир Путин, президенти Русия интиқол ёфтааст. Ба иттилои Вазорати ҳолатҳои изтирории Русия, “Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди фаромадани тармаҳо дар шарқ ва шимоли кишвар барои кумак ба ҷомеаи ҷаҳонӣ муроҷиат намуд. Дар пайи офати табиӣ иқтисоди кишвар зарари ҷиддӣ дид, даҳҳо маҳалли аҳолинишин дар бунбаст қарор гирифта, талафоти ҷонӣ ҳам ба қайд расидааст”.
Моҳҳои январу феврал дар Тоҷикистон наздики сад тарма фаромад, ки сабаби масдуд шудани роҳҳо гардид. Дар пайи ин ҳодисаҳо ҳудуди 20 нафар ба ҳалокат расиданд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Феврал 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 |
3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 |
10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 |
17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 |
24 | 25 | 26 | 27 | 28 | |