Боздошти 17 қочоқчию 166 кило маводи мухаддир
Қӯшунҳои сарҳадии Тоҷикистон моҳи феврал 17 қочоқчиро дастгир карда, 166 кило маводи мухаддир мусодира намуданд.
Тибқи иттилои Муҳаммад Улуғхоҷаев, сухангӯи қушӯнҳои сарҳадӣ дар пайи амалиёт дар минтақаҳои сарҳадии Ишкошим, Хоруғ, Шӯрообод, Ҳамадонӣ, Панҷ ва Панҷакент 14 қочоқчии тоҷик ва 3 қочоқчии афғон, ки ба муомилаи ғайриқонуни маводи мухаддир даст задаанд, дастгир гардиданд: “Аз қочоқчиён ба миқдори 165 килограмму 975 грамм маводи мухаддир, аз ҷумла 74,5 кило маводи мухаддири ҳашиш, 87 килою 570 гр маводи нашъадори афюн, 3 килою 905 гр “Мет-Амфитамин” ва 17 кило бангдона мусодира карда шуд. Инчунин 2 адад силоҳи оташфишон бо тирдону тирҳояш дарёфт ва мусодира гардиданд”.
Манбаъ афзуд, моҳи феврал 25 нафар вайронкунандагони сарҳадӣ давлатии Тоҷикистон ва 10 нафар вайронкунандагони низоми сарҳадӣ дастгир гардиданд: “Нисбати дастгиршудагон, мусодираи маводҳои мухаддир ва яроқи оташфишон ҳуҷҷатҳои лозима тартиб додашуда, ба вазорату идораҳои дахлдор супорида шуданд. Айни замон аз тарафи мақомоти дахлдор тафтишот идома дорад”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |