Дарёфти ҷасади муҳоҷири бемор баъди 5 рӯзи марг
Ҷасади Насимҷон Мирзоев, муҳоҷири тоҷик, ки вақтҳои охир бемор будааст, баъди чанд рӯзи марг дар манзили иҷорааш дар шаҳри Балашиха дарёфт гардидааст.
Каримҷон Ёров, раҳбари созмони ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирони тоҷик, “Этмос” мегӯяд, ҷасади Мирзоев Насимҷон Гулматовичи 45-сола дар манзили иҷорааш дар шаҳри Балашихаи вилояти Маскав пайдо гардидааст. Ёров аз қавли афроде, ки марҳумро мешиносанд, гуфт, “ӯ дар хона танҳо зиндагӣ мекардааст ва вақтҳои охир бемор будааст. Чанд рӯзи охир дар тамос набудаст”.
Ёров афзуд, нозири минтақавӣ аз телефони марҳум ба дӯстонаш занг зада, ҳодисаро фаҳмондааст: “Гуфта мешавад, ки ӯ 4-5 рӯз қабл ҷон додааст. Аз рӯи гуфтаи шиносҳояш Насимҷон Мирзоев, зодаи ноҳияи Рӯдакӣ мебошад”.
Феълан ҷасади Мирзоев Насимҷон дар сардхонаи шаҳри Балашихаи вилояти Маскав қарор дорад. Раҳбари “Этмос” аз афроде, ки наздикони марҳумро мешиносанд, хоҳиш намудааст, тариқи рақамҳои 89261686316 тамос бигиранд.
Сафорати Тоҷикистон дар Русия мегӯяд, хабарҳо дар бораи дарёфти ҷасади муҳоҷири бемори тоҷикро таҳқиқ хоҳад кард ва ҷузъиётро баъдан ироа мекунад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |