Талоши ҷилавгирӣ аз кашмакаши бонку мизоҷ барои гарав
Масъулини низомии бонкии Тоҷикистон ният доранд, барои баҳогузории асоснок, мунсифона ва боадолатонаи моли дар гаравмонда баҳогузорони касбиро омода кунанд.
Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ муштарак бо Бонки миллӣ дар марҳилаи аввал нақша доранд, ҳадди ақал 150 баҳогузори касбии гаравро омода кунанд, то дар оянда баҳсҳо миёни бонку мизоҷро ҷилавгирӣ кунанду барои густариши фаъолияти қарздиҳӣ мусоидат намоянд.
Лола Салимова, муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон, 3-юми март зимни муаррифии ин тарҳ дар Душанбе гуфт баҳогузории дурусти гарав дар фаъолияти бонкӣ бисёр муҳим аст ва таъкид намуд, ки баҳогузории аз меъёр баланд ва аз меъёр паст пайомадҳои манфӣ дорад: “Ба моли ба гаравмонда бояд баҳои асоснок дода шавад ва худи мизоҷ низ ҳавасманд бошад, ки ба бонк пулро баргардонад, на гаравро. Бонкҳо бо муомилоти пулӣ сарукор доранд ва набояд ба коргоҳҳои риэлторӣ табдил ёбанд”.
Салимова аз вазъи соли гузашта дар низоми бонкӣ зикр кард, ки бисёри мизоҷон ба ҷои маблағ моли гаравро дар ихтиёри бонкҳо гузоштанд: “Вақте ба ҷои маблағ гаравро дар ихтиёри бонкҳо мегузоранд, ин бонкҳоро ба сарфи бештари вақт, нерӯ ва маблағ водор мекунад”.
Абдусодиқ Юнусов, як масъули "Агроинвестбонк" мегӯяд, иддао, ки бонкҳо ҳавасманданд арзиши моли гаравро поин нишон диҳанд, беасос аст: "Нархгузории аз асл боло ҳам хатар дорад, аммо нархгузории аз асл поин низ бонкро метавонад аз имкони гирифтани даромади бештар маҳрум кунад. Баҳогузории асоснок ва аслӣ ба фоидаи ҳар ду ҷониб аст".
Муаллифони тарҳ мегӯянд, барои баҳогузории беғараз дастурамали мушаххасро таҳия кардаанд, ки он барои баҳогузорони касбии оянда дар Тоҷикистон таълим дода мешавад.
Ноиби раиси Бонки Миллӣ эътимодро миёни бонкдору мизоҷон муҳим хонда, илова намуд, ки низоми бонкии кишвар дар ҳоли солимгардонӣ қарор дорад: “Соли гузашта бонкҳо тамоми нерӯро барои ҷалби сармоягузор сарф намуданд то уҳдадорияшонро дар назди мизоҷон иҷро намоянд. Феълан низоми бонкӣ дар ҳоли солимгардонист ва бо мурури вақт маблағҳои озоди бонкҳо барои қарздиҳӣ равона хоҳанд шуд”.
Масъулин барои эътимод ва фаъолияти муътадили бонку мизоҷ баҳогузории касбӣ, мунсифона ва асосноки гаравро муҳим хонда, таъкид намуданд, ки дар назар аст, дар Тоҷикистон Ассосиатсияи баҳогузорон ташкил шавад. Ба гуфтаи муаллифони тарҳ баҳогузории асосноки молу амвол на танҳо зимни қарздиҳӣ, балки зимни фурӯш ва таҷдиди сохтори корхонаҳои давлатӣ низ муфид мебошад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |