“Тоҷиксуғурта”: Бимаи ҳаёти Қаҳҳор Маҳкамов пардохт шуд
Ширкати давлатии “Тоҷиксуғурта” мегӯяд, уҳдадориҳояш дар робита ба пардохти маблағи бимаи ҳаёти Қаҳҳор Маҳкамов, раисҷумҳури пешин ва узви Маҷлиси миллии Тоҷикистонро иҷро намудааст.
Аз ин ниҳод ба “Озодагон” иттилоъ доданд, 16 феврал аз ҷониби палатаи болоии парлумони Тоҷикистон ҳуҷҷатҳои зарурӣ дар мавриди суғуртаи ҳаёти Маҳкамов ба “Тоҷиксуғурта” пешниҳод гардида, онҳо маблағи бимаро пардохт кардаанд.
Дар ҳамин ҳол, як манбаи огоҳ ба “Озодагон” гуфт, тибқи васияти Қаҳҳор Маҳкамов бимаи ҳаёти ӯ ба як хона-интернат интиқол ёфтааст.
Аловиддин Сатторӣ, раиси ширкати “Тоҷиксуғурта” рӯзи 6 феврал дар нишасти хабарии ниҳодаш бо эълони ин ки ҳаҷми суғурта муодили 8 маоши марҳум аст, гуфт, ҳанӯз маблағи суғуртаи ҳаёти Қаҳҳор Маҳкамов пардохт нашудааст. Ӯ гуфта буд, дар ин бора хаттӣ ба Маҷлиси миллӣ дархост равон карда, аммо посух нагирифтаанд. Аммо масъулини ширкати “Тоҷиксуғурта” имрӯз гуфтанд, “қайд намудани роҳбарияти корҳона оид ба ирсол намудани муроҷиати хаттӣ ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон саҳв мебошад”.
Қаҳҳор Маҳкамов 8 июни соли 2016 дар синни 84-солагӣ дар шаҳри Душанбе даргузашт. Ӯ моҳи ноябри соли 1990, баъд аз фурӯпошии Шӯравии собиқ, президенти нахустини Тоҷикистон интихоб шуда, соли 1991 ба истеъфо рафт.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |