Бахшҳо

Вокуниши Раззоқов: Пешниҳоди ман таҳриф шудааст

Баҳодур Раззоқов, вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе бо ирсоли як нома унвонии хабаргузории “Озодагон” мавқеи худро дар баробари мақолаи Иршод Сулаймонӣ “4 пешниҳод “..она” ё буҳрони фикрӣ дар Тоҷикистон” изҳор доштааст.

Дар ин мактуб ҷаноби Раззоқов мегӯяд, “баромади ман дар вохӯрии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо масъулон ва фаъолони шаҳри Душанбе (15 феврали соли 20017) ба интиқод гирифта шуда, мазмуни он бо таҳриф тавсиф дода шудааст. Аз ҷумла, дар мақола чунин омадааст: “Маҳдуд кардани вуруди деҳотиён ба шаҳри Душанбе, аз ҷониби вакили Маҷлиси вакилони халқи ш.Душанбе, доктори улуми ҳуқуқшиносӣ Раззоқов Баҳодур Ҳаётович”.

Ин вакили шаҳрӣ дар идома менависад, “биноан, дар баромади ман, ки тавассути ҳама шабакаҳои телевизионии давлатӣ пахш гашта буд, чунин тарзи масъалагузорӣ ҷой надошт. Ман нисбати таҳкими фарҳанги шаҳрнишинӣ ва зарурати ҷорӣ намудани маҳдудият барои дастрасии моликияти ғайриманқул дар шакли хариди манзили истиқоматӣ барои деҳотиён пешниҳод доштам”.

Баҳодур Раззоқов иддао мекунад, дар матлаби Иршод Сулаймонӣ пешниҳоди эшон ба раисҷумҳури кишвар нодуруст оварда шудааст ва ӯ талаб карда, “тавассути нашри раддия дар сомонаи худ ба мақолаи “4 пешниҳод “..она” ё буҳрони фикрӣ дар Тоҷикистон” дар қисмати таҳрифи суханҳои ман тавзеҳот ворид намоед. Агар ҷаноби И.Сулаймони аз одоби рӯзноманигори хуб огаҳ бошад, пас дар чунин ҳолат бахшиш пурсидани ӯ фарз аст. Вале инро ман талаб надорам”.

PS. Хабаргузории “Озодагон” бори дигар навори пешниҳоди вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, Раззоқов Баҳодурро дар мулоқоти Президенти Тоҷикистон бо роҳбарону фаъолон ва намояндагони сокинони шаҳри Душанбе омӯхт. Дар натиҷа маълум шуд, ки дар ҳақиқат пешниҳоди вакил барои баланд бардоштани фарҳанги шаҳрнишинӣ иборат аз мазмуни зайл буд: “Мо баъзе маҳдудиятҳоро бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе нисбати соҳиб шудан ба моликияти ғайриманқул, хусусан манзил дар биноҳои бисёрхонагӣ ҷорӣ кардан даркор барои шаҳрвандоне, ки аз деҳот меоянд. Ин ба фарҳанги шаҳрдорӣ ҳам таъсир мерасонад ва ҷанбаи амниятӣ ҳам дорад”.

Ин пешниҳоди Баҳодур Раззоқов аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул нашуд ва изҳор намуд, ки “бародари азиз, дар масъалаи манъ кардан он қадар розӣ нестам, чунки худам ҳам деҳотӣ ҳастам. Решаи ҳамаи мову шумо аз кӯҳистон ҳаст, аз деҳот”.


Акс аз шабакаҳои иқтимоӣ
Мӯҳр
Ин пешниходи нафурухтани манзил ба дехотиён аз пешина пешниходаш ...тар аст.

Дехоти пул дошта бошад,ту чи хак дори ки уро аз хариди манзил дар шахр манъ куни ?

Амирали
Бовар кунед хамин пешниходи Раззоқов як пешниходи кудаконае буд
Сафар,

дльрп
Не дустам шумо хато кардед кудакона не ...ҳона

ватандуст
ту худат аз кучои чаноби Разоков

Бовар кунед дар доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ будани ҳамин одам шармам меояд. Вақте ки доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ чунин суханҳоро ба забон орад, пас вой бар ҳоли аҳолии осоишта.

Шояд вакил "боаклона" ин пешниходро аз руи конунхои Японхо гирифта бошад.
Дар Япония кадом гурба, саг.. ё хайвони дигареро ки ба ин давлат меояд гирифта давоми 3-4 мох уро тарбия ва табобат мекунанд то ба мухити нав одат кунад...
Хулоса бояд зоопрк ё "одампак"-хое дар карибихои Сементзавод, дар назди дарвозаи Хисор, дар 9-ум километр, дар назди бозори Корвон... бояд сохт то одамони аз шимол, шарк, гарбу чануб ба шахри Душанбе омадаро тарбия ва табобат кунанд то ба мухити нав (шахр) одат кунанд.
Як гурухи одамони дигар мемонад! 1милион мухочири точикро чигуна ба шахрхои Русия одат кунонем? Шояд Русия хам аз ин вакили точик ибрат гирифта дар назди аэропортхо ва ЖД вакзалхо "одампаркхо" бисозад то мухочиронро ба мухити нав мутобик кунад?
чи гуфтед огои вакил? дар инчо кабул нашуд, як пешнихдатонро ба Дума пешниход кунед чи? Онхо "беаклона" ба одамхои дар шахр хона харида барои гирифтани шахрванди ва дигар крхо кумак мекунанд.

озодагон чаро вокунишхои моро кутох мекуни ин корат хуб нест. бигузор халк назари худашонро баён кунанд. кучо шуд озодии вичдонатон

Разоков дуруст мегуяд шахр ба подахона табдил ефтаст

Дуруст, устод, Шумо 100% хак хатед. Бояд аввал бо коидахои шахрнишини шинос шаванд, баъд мархамат, Ош шавад, хона...

Шахбоз
Магар хамон КИШЛОКИХО набуданд ки дар бари Пешво рост истода чангро ором карданд, Шарм доштан даркор садкаи депутати шавед.

Нисбати чунин (Разокковхо) Дмитрий Медведов ,соли гузашта гуфта буд :
"Дар Точикистон 7,5 ё 8 млн ахоли дорад ва на онкадар зиндагии хубе доранд ,лекин Докторхои Илимиву Профессорхояш аз хад зиёданд ин масълаи чиддист дида баромада шавад"

точики ватандуст
Ба ХУДО касам ба доктори илм будани ин шахс шубха мекуни дар вохури бо рохбари давлат бояд ягон пешниходи хубе мекард фикрашон ба идеяхои хизбашон манша мегирад.

Сухроб
Майлаш мо дехотихо аз шахр хона намехарем, Мархамат афгонхо биёед хонахоро харед ва хохарони дехотситиситезонро аввал ба тарабхона баъдан ба Сафедараву Варзоб ба тамошо баред..

Ман пешниход мекардам ки кумитахои дахлдор дороии хамин Шахса як тафтиш карда мебаромадан баъд ба дехот бадарга мекардан

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)