Якшанбе, 2 Марта 2025
Фирори 2 ронанда баъди зер кардани 1 пиёдагард
Ду мошин дар ноҳияи Спитамен паиҳам як пиёдагардро зер карда, ба ҳалокат расондаанд.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти ВКД 2-юми март ронандаи 32-солаи “Опел-Астра”, ҳангоми ҳаракат дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Ғулакандози ноҳияи Спитамен аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, марди 34-сола, сокини маҳалиро зер намудаст: “Баъди чанде ронандаи автомашинаи тамғаи “Тико”, ҷавони 22-солаи ноҳияи Спитамен, ки дар роҳи мошингарди мазкур ҳаракат мекард, пиёдагарди ҷабрдидаро дубора зер кардааст. Дар натиҷа ҷабрдида дар ҷои ҳодиса ҷон додааст”.
Манбаъ афзуд, ҳар ду ронанда баъди зер кардани пиёдагард фирор намудаанд, аммо дар пайи як амалиёт боздошт гардиданд: “Айни ҳол таҳқиқи ҳодисаҳо идома дорад”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Март 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 |
3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 |
10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 |
17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 |
24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |
31 | |