30 сол ҳабси Отахонов барои ҷалби маҳбусони тоҷик ба “ДИИШ”
Додгоҳи вилояти Тамбов шаҳрванди Узбакистонро барои талоши ҷалби маҳбусони тоҷик ба сафи созмони террористии “ДИИШ” ба 29 солу 10 моҳи зиндон маҳкум кард.
Тибқи иттилои раёсати Хадамоти федералии амният-“ФСБ”-и Тамбов Отахонови 28-сола, узви “Ҷамоаи таблиғ”, ки аз 17-солагияш мавриди кофтукоб қарор дорад, дар вилояти Маскав паноҳ бурдаст: “Соли 2014 барои таҳия, ҳифз ва муомилот бо пулҳои қалбакӣ ба 4 соли зиндон маҳкум шуд”.
Бар асоси иттилои “ФСБ” Отахонов дар зиндон шаҳрвандони Тоҷикистонро барои иштирок дар ҷангҳо ба тарафдории “ДИИШ” ташвиқ кардааст ва барои маҷмӯи ҷиноятҳо ба 29 солу 10 моҳи зиндон маҳкум гардид.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Феврал 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 |
3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 |
10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 |
17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 |
24 | 25 | 26 | 27 | 28 | |