Чопи китоби илмии журналист Хуршеди Ҳамдам
Дар Душанбе китоби илмии журналист Хуршед Андамов (Хуршеди Ҳамдам) ба нашр расид.
Ин китоб “Раҳбари дониш – маҷаллаи маорифӣ ва адабӣ” ном дошта, дар остонаи рӯзи матбуоти тоҷик ба 90-солагии таъсиси маҷаллаи “Раҳбари дониш” бахшида шудааст. Дар ин асар роҷеъ ба таърихи пайдоиш ва ташаккули маҷаллаи “Раҳбари дониш” ҳамчун маҷмуаи илмӣ-адабӣ баҳс шуда, авзои сиёсӣ-иҷтимоӣ ва фарҳангии солҳои 20 ва 30-ии садаи 20 ба риштаи таҳлил кашида шудааст.
Муаллиф нашри “Раҳбари дониш”-ро барои пешравии тоҷикони Осиёи Миёна ҳодисаи таърихӣ номида, мегӯяд, он “бо чопи матолиби мухталифба ҷойгоҳи забону адабиёти тоҷик арҷ гузошта ва тавонист бо факту далелҳои қотеъ собит созад, ки тоҷикон аз қадимтарин мардумони Осиёи Марказӣ буда ва соҳиби фарҳангу забон ва тамаддуни башарӣ ҳастанд”. Шӯрои илмию методии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон онро барои донишҷӯёни факултаи журналистика ҳамчун китоби дарсӣ тавсия додааст.
Хуршед Андамов раҳбари намояндагии Радиои Озодӣ дар Тоҷикистон аст. Аз ин пештар ӯ дар расонаҳое монанди ВВС ва ИРНА кор кардааст. Ӯ ҳоло унвонҷӯи кафедраи матбуоти факултаи журналистикаи ДМТ аст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Январ 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 |
6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 |
13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 |
20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 |
27 | 28 | 29 | 30 | 31 | |