Бахшҳо
02 мар 2017 17:49Тоҷикистон / Акс

Рӯ ба “бокс” овардани тарабхонаҳо аз баҳри чист? (АКС)

Мижгона ҲАЛИМОВА

Ҷойи видеоклипҳоро дар бархе қаҳвахонаву тарабхонаҳо сабқатҳои муштзанӣ танг кардааст.

Мушоҳидаҳо нишон медиҳад, ки дар бархе, ошхона, қаҳвахона, тарабхона ва ҳатто дорухонаҳои Душанбе ва ноҳияҳои тобеи марказ бештар шабакаҳои телевизионии марбут ба муштзанӣ фаъол аст. Ин ҳам дар ҳоле ки дар гузашта шабакаҳои мусиқие чун “РМС” ва “RUТV” ба қавле “майдондорӣ” мекарданд.

Дар қисме аз чунин маконҳо бештар “набардҳои бидуни қоида” намоиш дода мешавад ва ба назар мерасад, муштириёнаш ҳам кам нестанд. Дар маркази Ваҳдат як дорухона “мухлис”-и шабакаи “Боец” аст ва мушоҳида мешавад, ки корафтодаҳо вақти харидории дору чанд дақиқаи худро барои тамошои он сарф мекунанд. Як ҷавон, ки худро Сабзалӣ ва муҳоҷири корӣ муаррифӣ кард, дар суҳбат ба “Озодагон” намоиши чунин наворҳоро таблиғи гуштии бидуни қоида гуфт: “Дар як ҳафта як ё ду маротиба ҳамроҳ бо аъзои оила барои хӯроки нисфирӯзӣ ё шом ба тарабхона меравем ва бисёри вақт дар телевизораш ҷангҳои бидуни қоида намоиш дода мешавад. Вақте дар ринг ду нафар ҳамдигарро бераҳмона латту кӯб мекунанд, бешубҳа ба психикаи кӯдак ва наврас таъсири худро мерасонад”.

Соро Шамсова, як сокини пойтахт ба ин назар аст, ки пахши чунин наворҳо ба фарҳанги тоҷикон рост намеояд. “Намефаҳмам чаро ду нафар бо либоси тагпӯш, яъне шортӣ ҳамдигарро қариб мехӯранд. Сару рӯи ҳамдигар дар даруни хун мисли саг меҷанганд ва ин ҳамаро ҳамарӯза дар назди мардум пахш мекунанд. Ҳама чиз ҷойи худро бояд дошта бошад”,-афзуд ӯ.

Аммо ҷонибдорони пахши чунин наворҳо низ кам нестанд. Як сокини Душанбе бидуни ифшои номаш гуфт, масъулини тарабхонаҳо вобаста ба завқи муштариёнашон шабакаҳоро интихоб мекунанд. Вақте намоиш медиҳанд, пас талабгор дорад. Парвиз Сафаров, мизоҷи яке аз чунин қаҳвахонаҳо мегӯяд, барои ӯ тамошои наворҳои муштзанӣ писанд аст: “Ҳатто худам дискҳояшро харидорӣ карда, дар хона ҳам тамошо мекунам, ин чӣ бадӣ дорад?”

Дар ҳамин ҳол, Қосим, маъмури яке аз ошхонаҳои пойтахт дар суҳбат ба “Озодагон” изҳор дошт, бидуни хоҳиши худ ва касе дигар шабакаро интихоб мекунанд: “Саҳар кор омада, пултро мегирам ва телевизорро рушан мекунам. Ҳамин навор рафта истодааст, дигар мо ҳам ягон шабакаи дигарро пахш нокарда, корро идома медиҳем”.

Ба суол, ки чаро қаблан клипҳои эрониву русӣ зиёдтар намоиш дода мешуд, ҳоло муштзанӣ, гуфт: “Агар хоҳед ҳозир мемонам, вале аслан мо ба ин чизҳо зиёд таваҷҷуҳ намекунем”.

Насим, маъмури як ошхонаи дигари шаҳри Душанбе гуфт, бештари мизоҷон худашон шабакаи писандидаашонро интихоб мекунанд: “Худатон шоҳид ҳастед, ки пулт болои миз гузошта шудааст”.

Аммо ӯ мегӯяд, қасд доранд, дар ояндаи наздик шабакаи “Боец”-ро бо шабакаи “Сафина” иваз кунанд.

ШУМО ҲАМ НАЗАРИ ХУДРО ДАР ИН МАВРИД НАВИСЕД

Рӯ ба “бокс” овардани тарабхонаҳо аз баҳри чист? (АКС)

Рӯ ба “бокс” овардани тарабхонаҳо аз баҳри чист? (АКС)

Рӯ ба “бокс” овардани тарабхонаҳо аз баҳри чист? (АКС)
Мӯҳр
Ин беҳтарин кор аст, то ба ҷавонон ибрат шавад ҷасур шаванд. Аз сериал ва ё клипҳои занҳои овозхони урён ҷуз фоҳишаги чизе ёд намегиранд.

Сафарзода Ч
[right]Дар Тоикистон ташкили шабакаи "Муз-ТV" ба маврид аст. Имрузхо дар дохили микроавтобусхо мусикихои дилхарош чунон бисёр аст, ки асаби касро хароб мекунанд. Гуш кардани мусики хам як санъат аст, пагохирузи вакте ки ба кор меравем ва ё аз кор бармегардем дар дохили автобусхои хурд ба мо мусикии орому форам лозим аст. Аксарияти ронандагони мо аз огози субх то нимашаб мусикихои тез яъне туёна ё дигар сурудхои дилбазанро чунон баланд мемонанд, ки аз шиштанатон ба ин наклиёт хазорхо бор пушаймон мешавед. Аз ин ру ба маврид аст, ки дар Точикистон ташкили шабакхои радиоиву телевизионии "Муз-тv"-ро ба рох монд то тарики ин шабакахо мо мусикихои миллии худро гуш карда тавонем.

Точик
ман дар бораи забон назарамро менависам. Биёед хамин расонахое ки нисбатан забонашон хубтар аст коре кунанд, ки хамин забони ширини моро тоза нигах дорандю Хамин калимаи "мизоч" хамин кадар калимаи дагал хаст, ки дили одам бехузур мешавад. Ба фикрам ин калима точики хам нест узбаки аст чунки бисёр вакт "мизочлар" шунидагиям. Ба хар хол мо калимаи зебои кадими дорем "муштари" чаро аз он истифода намекунем....

88
Сурудхои точикиро мемонданд хуб мешуд аммо мо ягон канали мусикии соф точики надорем афсус.

Дилшод
Агарчи «набарди бидуни қойида» як сабқати дурушт аст, вале як қатор кишварҳоро дар ҷаҳон муаррифӣ кардааст. Фарз кардем Бразилия ё худ Русия. Фёдор Эмеляненко бо ин роҳ Русияро ба таври олӣ муаррифӣ кард, ки ҳатто Владимир Путин дар чандин сабқатҳои ӯ иштирок карда, дар минбар ба ӯ изҳори сипос намуд. Ман орзу мекунам, ки миллати тоҷик чунин қаҳрамон дошта бошад. На танҳо ман, балки аъзои оилаамон, аз қабили падару модарам ҳам мухлиси Фёдор мебошад.

Домулло Зиё
Бовар кунед хамин "бокс" ва "бои без правил"-ро хеч хуш надорам. О, шумо хайвон нестед, Одам хастед!!! Тарафдорони хамин ду аксарияташ одамони шуху чангара,дустори чанг хастанд! Бедобанд!

Озодагон рузхои охир бемасъулият шудаи! Кам-кам менависи...

Амин
Дируз дар телевизион синфи компютериро нишон дод, ки хонандагон " бои без правил" тамошо мекарданд, ровии навор бо алам мегуфт, ки ин наворхои зуровари таблиги берахми барои чавонон ва наврасон аст! -100% ман тарафдор , аммо модоме ки чунин аст, пас рекламахое ки дар шохроххо, дар телевизиону тарабхонахо, баргузории мусобикахои " набарди бидуни коида" , ин таблиги зуровари, берахми барои чавонон нест??? Бигзор гуштини точики таблиг шавад, дар он на берахми аст на зуровари, танхо пахлавони аст!!

Фируз
Мижгона ҲАЛИМОВА чизи хуб навистед, лекин агар ин гуфтахоят ба психикаи кудакон таъсири бад дошта бошад пас таъсири кинохои турки аз ин хам дида батар аст. Чун мо кинои худро надорем, садову симои худро надорем ва мачбуран мардум инхоро бинанд. Дар вокех вакте мегуед, ки бояд музика монда шавад ман аз шабакахое, ки шумо овардаед як миллион маротиба безорам магар дар он шабакахои гуфтгият хофизу хозиахояш урён нестанд? Магар онхо таблиги фарханги бегона намекунанд? Оё кабул дори вакте бо духтару бачаат шишта боши ин урёнихои эронихои бехаёро ва руссхои бемаъниро бини?

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)