Дидори Э.Раҳмон бо Эрдуғон ва Навоз Шариф: Аз мубориза бо терроризм то ҳамкориҳои сохторҳои қудратӣ
Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи Иҷлосияи 13-уми Созмони ҳамкории иқтисодӣ, ки дар Исломобод ҷараён гирифт, бо ҳамтои туркаш -- Раҷаб Таййиб Эрдуғон ва сарвазири Покистон -- Муҳаммад Навоз Шариф дидору гуфтугӯ дошт.
Дафтари матбуоти Президенти Тоҷикистон мегӯяд, дар мулоқот бо раисҷумҳури Туркия тақвияти кори Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратӣ, таҳкими ҳамкориҳои минтақавӣ дар бахшҳои энергетикаву коммуникатсия, ҷалби доираи соҳибкорию сармоягузории ҷониби Туркия дар татбиқи лоиҳаҳои бунёди корхонаҳои муштарак ва ба роҳ мондани ҳамкории манфиатбори дуҷониба дар соҳаҳои саноат, кишоварзӣ, нақлиёти байналмилалӣ ва туризм баррасӣ шудааст: “Сарони давлатҳо ҷиҳати гузаронидани нахустин Шӯрои ҳамкории Тоҷикистону Туркия, рӯзҳои фарҳангии ду давлат дар кишварҳои ҳамдигар, табодули донишҷӯёну омӯзгорон, хусусан афзун намудани шумораи квотаҳои таҳсил дар муассисаҳои олии таълимии Туркия барои шаҳрвандони Тоҷикистон ва роҳандозии робитаи пайвастаи аҳли илму эҷод ба мувофиқа расиданд”.
Дар ин дидор ба масъалаи таҳкими ҳамкориҳо дар мубориза бар зидди терроризму экстремизми байналмилалӣ ва мусоидат ба раванди барқарорсозии сулҳу субот дар Афғонистон низ дахл шудааст. Зимнан, Раҷаб Таййиб Эрдуғон аз Эмомалӣ Раҳмон даъват ба амал овардааст, дар фурсати муносиб бо сафари расмӣ ба Туркия ташриф биёрад ва ӯ ин даъватро пазируфтааст. “Таъкид гардид, ки вақту муҳлати барои ҳарду ҷониб мувофиқи ин сафар тариқи роҳҳои дипломатӣ муайян карда хоҳад шуд”,-хабар медиҳад дафтари матбуоти Президенти Тоҷикистон.
Ба иттилои манбаъ, дар мулоқот бо Муҳаммад Навоз Шариф, сарвазири Покистон ҷонибҳо доир ба иштироки фаъол дар татбиқи лоиҳаи минтақавии сохтмони хатти барқи баланшиддати КАСА-1000, ҷалби имкониятҳои сармоягузории Покистон ба лоиҳаҳои гироэнергетикӣ, инфрасохторӣ, нақлиётӣ ва транзитии Тоҷикистон ва рушди тиҷорати байни Тоҷикистону Покистон бо истифода аз долони иқтисодии Чину Покистон гуфтугӯ шудааст: “Ба сатҳи ҳамкориҳои Тоҷикистон бо Покистон дар чаҳорчӯбаи созмонҳои ҷаҳонию минтақавӣ, аз ҷумла дар доираи Созмони Милали Муттаҳид, Созмони ҳамкории Шанхай, созмонҳои ҳамкории иқтисодӣ ва ҳамкории исломӣ баҳои баланд дода шуд”.
Дар мулоқот ҳамзамон масоили ҳамкориҳои сохторҳои қудратӣ, ниҳодҳои мудофиавӣ ва хадамоти амниятии Тоҷикистону Покистон, иштироки фаъол дар мубориза бар зидди терроризму экстремизми байналмилалӣ, қочоқи маводи мухаддир ва мусоидати бештар ба таъмини сулҳу амният дар кишвари Афғонистон мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |