Исломобод: Ҳамоиши роҳбарони Тоҷикистон, Эрон, Узбакистон...
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон баъди зуҳри имрӯз, 28-уми феврал ба шаҳри Исломободи Покистон рафт.
Дар ин бора дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон иттилоъ дода, ҳадафи сафари Эмомалӣ Раҳмонро иштирок дар ҷаласаи сарони давлатҳои узви Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ арзёбӣ кард.
Ба иттилои манбаъ дар ин сафар Эмомалӣ Раҳмонро Вазири корҳои хориҷӣ, Ёрдамчиёни Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ ва оид ба масъалаҳои иқтисодӣ, Вазирони энергетика ва захираҳои об, рушди иқтисод ва савдо ҳамроҳӣ мекунанд.
Ҷаласаи сарони давлатҳои узви СҲИ 1-уми март бо иштироки роҳбарони Тоҷикистон, Эрон, Узбакистон, Туркия, Покистон, Афғонистон, Туркманистон, Қирғизистон, Озарбойҷон ва Қазоқистон баргузор мешавад. Дар ин мулоқот қабули барномаи рушди созмон то соли 2025 ва баррасии густариши ҳамкориҳо миёни кишварҳои узв дар назар аст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |