Субҳонаи Путину Раҳмон ва суҳбати телефонӣ бо Бердимуҳаммадов (АКС)
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ва Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия баррасии масоили ҳамкориро имрӯз, 28-уми феврал зимни истеъмоли субҳона низ идома додаанд.
Дар ин бора дафтари матбуоти Кремл хабар дода, афзудааст, ки дар пайи баррасии ҳамкориҳо ҳангоми субҳона Путин ва Эмомалӣ Раҳмон бо ҳамтои туркманашон Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов суҳбати телефонии муштарак доштаанд”.
Ба иттилои Кремл зимни ин суҳбат масоили ҳамкориҳо баррасӣ гардида, Путин ваъда додааст, ки дар ояндаи наздик аз Турманистон боздид хоҳад кард.
Дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон аз анҷоми сафари расмии Путин ба Душанбе иттилоъ дода, дар мавриди суҳбати телефонӣ бо Бердимуҳаммадов маълумот надодааст. Ба иттилои манбаъ Путинро дар фурудгоҳи Душанбе Эмомалӣ Раҳмон гусел намуд. Аксҳо аз дафтари матбуоти Президенти Тоҷикистон
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Январ 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 |
6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 |
13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 |
20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 |
27 | 28 | 29 | 30 | 31 | |