“Чемпионат” 20 автогол дар як бозиро “таҷовузи хоккейи русӣ” хонд (ВИДЕО)
Бозии хоккей миёни дастаҳои “Водник”-и Архангелск ва “Байкал-Энергия”-и Иркутск муҳимтарин хабари варзишии ду рӯзи ахир аст. Ин бозӣ, ки 26 феврал дар доираи чемпионати Русия оид ба хоккей баргузор шуд, бо ҳисоби 9:11 поён ёфт. Аммо бозигарони дастаҳо на ба даррвозаи ҳамдигар, балки ба дарвозаи худ гол заданд. Далели инро шореҳон дар он мебинанд, ки дастаҳо мехостанд, дар ин дидор мағлуб шаванд, то бозии ояндаро бо рақиби заифтар анҷом бидиҳанд. Нашрияи “Чемпионат” ин бозиро “таҷовузи на танҳо хоккейи русӣ, балки 1500 нафаре номид, ки дар сардии шадид ба майдон омада буданд”. Кумитаи ахлоқи Федератсияи хоккеи Русия 27 феврал натиҷаҳои ин бозии аҷибро бекор ва бозии нав таъин кард. Қарор аст, ин ду даста 3 март аз нав бо ҳам вориди рақобат шаванд. Шарҳи бештари ин бозии баҳсбарангез VIDEO
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 »Душ Сеш Чор Пан Ҷум Шан Якш 1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 11 12 13 14 15 16 17 18 19 20 21 22 23 24 25 26 27 28 29 30