Супориши Р.Эмомалӣ барои ҳисоби аҳолӣ ва рақамгузории хонаю кӯчаҳо
Рустами Эмомалӣ, раиси шаҳри Душанбе дар доираи тайёриҳо барои рӯйхатгигирии аҳолӣ ва фонди манзил дар соли 2020 дастур додааст, ки дар пойтахт барӯйхатгирии санҷишӣ амалӣ карда шавад.
Тибқи иттилои шаҳрдорӣ Рустами Эмомалӣ масъулинро муваззаф кардааст, барўйхатгирии санҷишии аҳолӣ ва фонди манзил дар соли 2018 дар маҳаллаҳои 64 ва 91 гузаронда шавад: “Коркард, ҷамъбаст ва таҳлили натиҷаҳои барўйхатгирии санҷишии аҳолӣ ва фонди манзил ба зиммаи Сарраёсати Агентии омори назди президенти Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, гузошта шавад”.
Рустами Эмомалӣ раисони навоҳии пойтахтро вазифадор кардааст, ки то 1 апрели соли 2019 ҳамроҳ бо корхонаи “Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул дар шаҳри Душанбе” номи кӯчаҳо, рақами хона ва манзилҳои маҳаллаҳои ноҳияҳоро ба тартиб дароварда, бо лавҳаю рақамгузорӣ таъмин намоянд: “То 1 июли соли 2019 нақшаҳои схематикии ноҳияҳои шаҳрро якҷо бо Кумитаи идораи замини шаҳри Душанбе тартиб дода, бо муайян намудани сарҳади ноҳияҳои шаҳр ба Сарраёсати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе пешниҳод намоянд”.
Раиси шаҳри Душанбе ба раисон ва милисаҳо супориш додааст, то 1 сентябри соли 2019 дурустӣ ва пуррагии баҳисобгирии ҷории аҳолиро, ки дар хонаҳои истиқоматӣ ва дигар биноҳои маҳаллаҳои ноҳияҳои шаҳр зиндагӣ мекунанд, тафтиш намоянд.
Барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзили Тоҷикистон соли 2020 дар назар буда, раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон моҳи равон дастур дод, ки соли 2018 дар кишвар барӯйхатгирии санҷишӣ гузаронда шавад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |