Президент рамзи мулоқот бо зиёиёнро интихоб кард
Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон нишони рамзии мулоқот бо зиёиёни эҷодкорро интихоб намуд.
Дафтари матбуоти Президент мегӯяд, дар ин рамз “нишона ва аломатҳои фаъолиятмандии зиёиёни кишвар аз рӯи соҳаҳои асосӣ ифода ёфтаанд”.
Ба иттилои манбаъ, рамзро як зумра рассомони кишвар омода намуда ва он ҳангоми мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо зиёиёни эҷодкор истифода мешавад: “Зиёиён метавонанд дар чорабиниҳои худ аз он истифода намоянд”.
Мулоқоти Президент бо зиёиён ҳамасола дар арафаи ҷашни Наврӯз баргузор мешавад. Аз дафтари матбуоти раисҷумҳур ба “Озодагон” гуфтанд, санаи дақиқи мулоқоти имсола ҳанӯз мушаххас нашудааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Декабр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 |
2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 |
9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 |
16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 |
23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 |
30 | 31 | |