Боздошти сокини 32-солаи Афғонистон дар Ишкошим
Кормандони пулиси Тоҷикистон як сокини вилояти Фароҳи Афғонистонро бо иттиҳоми убури ғайриқонунии марзи давлатӣ дастгир кардаанд.
Бино ба иттилои торнамои расмии Вазорати умури дохилии Тоҷикистон боздошти ӯ 22 феврали соли равон дар ҳудуди ноҳияи Ишкошим сурат гирифтааст. Манбаъ аз ӯ Увайдулло валади Абдулрауфи 32-сола ном бурда мегӯяд, сокини шаҳри Заранҷи вилояти Нимрӯз будааст: “Айни ҳол нисбати Увайдулло валади Абдулрауф аз ҷониби кормандони ШВКД дар ноҳияи Ишкошим бо аломати моддаи 335 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, яъне ғайриқонунӣ бидуни ҳуҷҷати муайяншуда ва иҷозати зарурӣ гузаштан аз сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда, тафтишоти пешакӣ дар ин самт идома ва номбурда дар ҳабси пешакӣ қарор дорад”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |