Қотили шаҳрванди Тоҷикистон 9 сол равонаи зиндон шуд
Додгоҳи шаҳри Борск як сокини вилояти Нижегородро дар куштори шаҳрванди Тоҷикистон муҷрим шинохтааст.
Бино ба иттилои расонаҳои маҳаллии Нижегород, ин мард моҳи сентябри соли 2015 дар ҳолати мастӣ дар ҳузури одамон як шаҳрванди Тоҷикистонро латту кӯб кардааст: “Дар пайи ҷароҳати бардошта, шаҳрванди Тоҷикистон рӯзи дигар дар беморхона ба ҳалокат расидааст”.
Ба иттилои манбаъ, маҳкумшуда дар додгоҳ гуноҳашро иқрор карда гуфтааст, бар пояи бадбинии нажодӣ ин амалро содир кардааст. Додгоҳ ӯро 9 сол аз озодӣ маҳрум намудааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |