АКС: Путин Тоҷикистонро кишвари калидӣ дар умури амният хонд
Владимир Путин, раисҷумҳури Русия ба ҳамтои тоҷикаш -- Эмомалӣ Раҳмон ордени Александр Невский тақдим кардааст. Дафтари матбуоти Президенти Тоҷикистон мегӯяд, расми тақдими ин орден имрӯз, 27 феврал дар мулоқоти хосаи ду раисҷумҳур сурат гирифтааст.
Қаблан, пойгоҳи санадҳои расмии Русия фармони Путинро нашр кард, ки дар он гуфта мешуд, “барои саҳми бузург дар таҳкими шарикии стратегӣ, муттаҳидӣ миёни Русия ва Тоҷикистон, инчунин таъмини амнияту муътадилӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон бо орден сарфароз гардонда шавад”.
Зимни мулоқот Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия Тоҷикистонро кишвари калидӣ дар ҳалли масоили амниятӣ ва муътадилӣ дар минтақа хонда, ҳадафи асосии пойгоҳи 201-ро таъмини амнияти ҷануби Русия гуфт.
Бино ба иттилои дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон, дар мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин, ки дар Қасри миллат баргузор шуд, ҷонибҳо ҳамдигарро ба муносибати 25-солагии барқароршавии муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Русия шодбош гуфтаанд: “Дар идомаи суҳбати самимӣ барои таҳкиму тавсеаи бештару хубтари муносибатҳои дӯстонаю стратегии Тоҷикистону Россия дар тамоми соҳаҳои мутақобилан манфиатбор изҳори омодагию ҳавасмандӣ карда шуд”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |