Рустами Эмомалӣ муддаии курсии вакили шаҳрӣ
Ҳизби ҳокими халқӣ-демократӣ номзадии раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалиро ба вакилии маҷлиси шаҳрӣ пешниҳод кардааст.
“Азия Плюс” бо такя ба манобеаш дар Комиссияи интихоботӣ мегӯяд, дар ҳавзаи №25 ба ҷуз Рустами Эмомалӣ ду нафари дигар Фазлиддин Икромов аз Ҳизби Аграрӣ ва Ҳикматулло Саидиён аз Ҳизби демократӣ довталаб ҳастанд.
ҲХДТ номзадии Маҳмадсаид Зувайдзода, муовини аввали Рустами Эмомалӣ дар ҳавзаи №62 номзад кардааст. Ӯ бо намояндаи Ҳизби аграрӣ Маъсума Аслиева барои курсии вакили шаҳрӣ мубориза мебарад.
Интихобот дар ин ду ҳавза 2 апрел баргузор мешавад. Қаблан, шаҳрдории Душанбе эълон кард, Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси пешини пойтахт ва Фирӯз Улмасов барои қатъи пеш аз муҳлати ваколатҳояшон дар Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе ариза навиштаанд. Убайдуллоев дар аз ҳавзаи №25 ва Улмасов аз ҳавзаи №62 вакил буданд. Вакилони шаҳрӣ 7 феврал дар иҷлосияи худ аризаи Маҳмадсаид Убайдуллоев ва Фирӯз Улмасовро барои қатъи ваколатҳояшон қонеъ намуданд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |