Бахшҳо

Қатъи кори терминалҳо баъди қарори ҳукумат: Зараровар шудааст...

Мирзо Раҳимов, директори ширкати “Пародхт.тҷ” шикояти сокинони Тоҷикистон дар мавриди қатъи кори бисёри терминалҳои пардохтро тасдиқ кард.

Раҳимов имрӯз, 27-уми феврал зимни тасдиқи қатъи кори терминалҳои пардохт ба "Озодагон" гуфт, нигоҳдории терминалҳо зараровар шудааст ва онро ба қарори ҳукумат рабт дод.

Ӯ гуфт, ширкаташон бо соҳибкорони инфиродӣ шартнома дошт ва ин соҳибкорон барои пардохти пул тариқи терминалҳо фоизи муайян-то 3 фоиз ҳаққи худ мегирифтанд. Раҳимов гуфт, бар асоси қарори ҳукумат, ки соли гузашта қабул гардид, муқаррар шудааст, ки соҳибкорон ин фоизро на аз муштариён балки аз ширкатҳои мобилӣ гиранд: “Ахиран назорати иҷрои ин қарор пурзӯр гардид. Фаъолият бе гирифтани фоизи муайян барои соҳибкорон фоидаовар нест ва бинобар ин онҳо кори терминалҳоро қатъ кардаанд, зеро онҳо низ хароҷот доранд. Аз ҷумла иҷора, андоз, таъмири техника ва дигар хароҷот...”.

Раиси “Пардохт.тҷ” гуфт, барои ҳалли ин мушкил ба ширкатҳои мобилӣ муроҷиат кардаанд, аммо онҳо изҳор доштаанд, ки дар ҳоли ҳозир имкони пардохти ҳаққи хизмати терминалҳоро надоранд: “Онҳо мегӯянд, барои ин боз бояд ҳаққи зангҳою хизматрасониҳоро баланд бардоранд. Айни ҳол барои ҳалли ин мушкил вақт лозим аст”.

Ин дар ҳолест, ки сокинони Душанбе ва навоҳии атроф имрӯз, 27-уми феврал бо “Озодагон” дар тамос шуда, арз доштанд, ки рӯзҳои охир наметавонанд аз терминалҳо барои пардохти ҳаққи телефон ва дигар хизматрасониҳо истифода баранд.

Шуҳрат, яке аз муроҷиаткунандагон аз шаҳри Душанбе гуфт, “ба чандин терминал рафтем, аммо кор намекунанд. Дар ҳамаи ҷо ҳамин аҳвол. Мардум саргардон шудаанд”.

Ин дар ҳолест, ки соли гузашта Маҷлиси намояндагон тағйирот ба қонун «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият»-ро қабул намуд, ки бар асоси операторони низоми пардохт бояд иҷозатномаи Бонки миллии Тоҷикистонро гиранд.

Ҷамшед Нурмуҳаммадзода, раиси Бонки миллии Тоҷикистон зимни шарҳи ин лоиҳа изҳор дошта буд, ки ҳадаф аз тағйирот, таъмини шаффофияти фаъолияти терминалҳои низоми пардохт, пурзӯр намудани назорат ва ворид намудани иловапулиҳо ба буҷаи Тоҷикистон мебошад.

Раиси Бонки Миллӣ соли гузашта изҳор дошта буд, ки дар Тоҷикистон 3 900 шахсони ҳуқуқӣ, воқеӣ ва ташкилотҳои қарзӣ бо терминалҳои худкори низоми пардохт, ки дар ҷойҳои ҷамъиятӣ гузошта шудааанд, фаъолият доранд.
Мӯҳр
Мухаммад
Дар дигар давлатхо музди мехнати ин терминалхоро на муштари балки ширкатхои мобили партохт мекунан.

Рахим
Ман аппарати пулгузарони дорам ва рузи 20 феврал ман хам хостам бе фоизи хакки хизматрасони кор кунам барои он ки ба мо огохиномаи хадамоти алокаро пешниход намуданд. Хамон руз аппарат 85 сомони кабул кард ва пул дар чои пулкабулкуниаш руст монд. Ман хостам равам ва пули рустмондаашро гирам то ки аппарат ба кор дарояд лекин хисоб кардам,ки аз 85 сомони ба ман фоида мешавад 85 дирам ва агар ман рафта биёям 2 сомони рохпули харочот мекунам яъне,ки ман 1.15 сомони зарар мебинам холе ин харочот факат барои рохпули боз андоз,ичора, кисмхои эхтиёти ва гайра. Оё ягон сохибкор ё шахси вокеи мехохад кор кунад дар хамин холат?

Аз катъи фаъолияти терминалхо хабар додед.
Хуб, пулгузарониро чи тавр ба рох мондаанд Ширкатхои мобили ?
Озодагон пайгир мешудед хуб мешуд то муштариён бидонанд.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)