Эълони тахминии рӯзҳои Иди Рамазон ва Қурбон
Шӯрои уламои Тоҷикистон мегӯяд, имсол моҳи Рамазон аз 26 май фаро мерасад.
Бино ба иттилои торнамои ин ниҳод, Иди Рамазон ба 26 июн ва Иди Қурбон 1 сентябр рост меояд. Аммо таъкид мешавад, ки ин ҳисоби тахминӣ буда, санаҳои дақиқи ин ду иди мусалмонӣ бо наздикшавии моҳ ва баъди қарори аъзои Шӯрои уламо муайян мегардад.
Соли сипаришуда сокинони мусалмони Тоҷикистон Иди саиди Фитрро 6 июл ва Иди Қурбонро 12 сентябр таҷлил карда буданд.
Баъд аз солҳои навадум дар Тоҷикистон рӯзҳои ин ду ид расман истироҳат эълон шудааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |