Интернет-бастаҳои “G+” аз Tcell: Ҳаҷми нав–имконияти нав!
Ҳудуди 3 моҳ қабл ширкати Tcell барои муштариёни худ як зумра Интернет-бастаҳои “G+”-ро фароҳам овард. Дар ин бастаҳо иқдоми муфид зиёд аст.
Ҳангоми пайвасти бастаи “G+”, шумо ду баробар бештар трафикро тақрибан бо ҳамон нарх дастрас мекунед! Трафик дар бастаҳо акнун ба рӯзонаю шабона тақсим мешаванд. Акнун, масалан Шумо метавонед 1000 мегабайт рӯзона (аз 07:00 то 23:59) ва 1000 мегабайт шабона (аз 00:00 то 06:59), ки дар маҷмуъ 2000 Мегабайтро дар бар мегирад, бо нархи ҳамагӣ 38 сомонӣ дастрас намоед, - ин бастаи G+2000 мебошад.
Андозаи лозимиатонро интихоб намоед ва трафикатонро ҳар вақте лозим аст сарф бикунед: рӯзона – кор кунед ва онлайн дарс хонед, курсҳои такмили ихтисосро гузаред, забонҳоро омӯзед, донишҳоятонро афзоед ва ё шабона – шабакаҳои иҷтимоиро аз назар гузаронед, бо дӯстонатон суҳбат кунед, ҳамроҳи аҳли хонавода видеоролик ва филм тамошо кунед. Телефонҳои ҳушманд (смратфонҳо)-и имрӯза ва шабакаи Интернет хизматрасонӣ, барнома, бозӣ ва сомонаҳои зиёду ҷолиберо пешниҳод мекунанд, ки баъзан 24 соат камӣ мекунад.
Боз яке аз фоидаҳои муҳими бастаҳои “G+” - ҷамъшавии трафик мебошад. Агар “сайёҳат”-и Шумо дар Интернет трафики зиёдро нисбат ба ҳаҷми гирифтаи шумо мегирад, бояд опсияи пешинаро хомуш накарда, USSD супоришро ракамчинӣ ва опсияро дубора фаъол кунед, бояд мутмаин бошед ки дар тавозунатон миқдори лозимии маблағ мавҷуд аст. Ба ин тартиб бастаи Рӯзона ва Шабона ҷамъ шуда, боздиди Интернет муфид ва мусоид мешавад.
Тафсилоти бештар оид ба бастаҳои “G+” дар https://www.tcell.tj/internet/options-and-services/g-plus-option.php
Дар фаъолияти ҳаррӯзаи худ ширкати Tcell, ки яке аз пешқадамҳои соҳаи телекоммуникатсия ба ҳисоб меравад, шабакаи худро вусъат дода, ба муштариён хизматрасонии беҳтаринро пешниҳод менамояд.
Tcell-боз ҳам наздиктар!
Дафтари матбуоти Tcell
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |