Ҷузъиёти ғорати гӯшвори духтарчаҳо: Модаратро мешиносам
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон ҷузъиёти ғорати гӯшворҳои қимати духтарчаҳои ноболиғро дар Душанбе ироа карда, аз шаҳрвандон даъват намудаст, ки фарзандони худро бе назорат нагузоранд.
Тибқи гузориши ВКД дар пайи муроҷиати волидон дар пойтахт Аминаи Раҷаб, модари 27-солаи як кӯдак, зодаи ноҳияи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ боздошт шуд, ки дар 14 ҳолати ғоратгарӣ дар пойтахт даст доштааст.
Манбаъ афзуд, Аминаи Раҷаб, ки қаблан барои ғоратгарӣ ба 12 соли зиндон маҳкум шудасту баъди адои 4 соли муҳлати ҷазо афв шуд, дигарбора даст ба ғоратгарӣ задааст. Ӯ бо фиреб духтарчаҳои ноболиғро ба доми худ дароварда, баъзан бо зурӣ гӯшворҳои онҳоро меситондаст.
Бар асоси гузориши ВКД боздоштшуда аз ҷумла ба ноболиғ Маҳина Сафарова, ки дар роҳ ба мактаб қарор доштааст, худро шиноси модараш муаррифӣ кардаст: “Гуфтаст, модарат аз ман атру либос фармоиш дод ва биё онро бар. Бо фиреб ӯро вориди даромадгоҳи хонае карда, гӯшворҳои ӯро, ки арзишашон 1200 сомонӣ мебошад, гирифтаст”.
ВКД афзуд, феълан алайҳи муттаҳам бо иттиҳоми ғоратгарӣ парвандаи ҷиноӣ боз шуда, тафтишот идома дорад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |