Вазорати фарҳанг сармутахассис меҷӯяд: Маош 1040 сомонӣ...

Вазорати фарҳанги Тоҷикистон барои ишғоли 5 курсӣ озмун эълон кардааст.
Дафтари матбуоти Вазорати фарҳанг ҳадафи эълони озмунро “таъмини баробарҳуқуқии шаҳрвандон, интихобу ҷобаҷогузории кадрҳои баландихтисос ва салоҳиятнок ба хизмати давлатӣ ҷиҳати ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ” унвон кардааст.
Ба иттилои манбаъ, музди меҳнат барои онҳое, ки дар озмун баранда мешаванд, аз 696 то 1040 сомониро ташкил медиҳад.
Феҳрасти ҷойҳои холии кор, ки Вазорати фарҳанг барои ишғоли онҳо озмун эълон кардааст:
– сармутахассиси шуъбаи ҳуқуқ, ҳифзи ҳуқуқи муаллиф ва ҳуқуқҳои вобаста, маълумоташ олии ҳуқуқшиносӣ, маош мувофиқи ҷадвали корбаст, 1040 сомонӣ;
– сармутахассиси шуъбаи кадрҳо ва корҳои махсус, маълумоташ олӣ, соҳаи гуманитарӣ, маош мувофиқи ҷадвали корбаст, 1040 сомонӣ;
– сармутахассиси шуъбаи таҳлил ва дурнамои иқтисодӣ, маълумоташ олии иқтисодӣ, маош мувофиқи ҷадвали корбаст, 1040 сомонӣ;
– мутахассиси раёсати табъу нашр ва матбуот, маълумоташ олии омӯзгорӣ (филолог), рӯзноманигор, маош мувофиқи ҷадвали корбаст, 696 сомонӣ;
– мутахассиси шуъбаи илм ва муассисаҳои таълимӣ, маълумоташ олии омӯзгорӣ, мусиқӣ, маош мувофиқи ҷадвали корбаст, 696 сомонӣ.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |