Шарҳи Тошканд барои радди қабули ҳавопаймо аз Душанбе
Ширкати миллии ҳавоии «Узбекистон хаво йуллари» анҷом наёфтани парвози ҳавопаймои “Сомон Эйр”-ро дар масири Душанбе-Тошканд шарҳ дод.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти ширкатии миллии Узбакистон санадҳо барои анҷоми парвозҳои мунтазам бояд ҳадди ақал 30 рӯз пеш аз санаи оғози парвозҳо ба мақомоти “Узбекистон хаво йуллари» пешниҳод карда шаванд: “Санадҳо барои анҷоми парвозҳои мунтазам аз сӯи “Сомон Эйр” 10-уми феврал пешниҳод гардиданд ва феълан дар ҳоли баррасӣ қарор доранд. 23-юми феврал мулоқоти масъулини «Узбекистон хаво йуллари» бо Бахтиёр Алимуродов, намояндаи “Сомон Эйр” баргузор гардид ва тартиби анҷоми парвозҳо ба Тошканд аз сӯи ширкатҳои хориҷӣ шарҳ дода шуд”.
Парвозҳои мунтазам дар масири Душанбе-Тошканд баъди 25 сол бояд 20-уми феврал дубора оғоз мегардиданд, аммо фурудгоҳи Тошканд қабули ҳавопаймои “Сомон Эйр”-ро рад намуд. “Сомон Эйр” иқрор кард, ки ин нофаҳмӣ камбуди масъулини худи ширкат аст ва Алишер Рустамов, мудири тиҷории ин ширкат аз мақом барканор шуд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |