МИ-8 бо 615 сомонӣ мусофиронро ба Хоруғ мебарад
Ширкати ҳавопаймоии “ТоҷикЭйр” аз 25 феврал дар хатсайри Душанбе-Хоруғ-Душанбе парвозҳоро бо истифодаи чархбол оғоз менамояд.
Азиз Хайруллоев, сухангӯи “ТоҷикЭйр” ба “Озодагон” гуфт, парвозҳо тавассути чархболи МИ-8 анҷом мешаванд. Ӯ далели муваққатан қатъ гардидани парвозҳои доимӣ дар ин хатсайрро “гузаронидани корҳои хизматрасониҳои техникӣ дар ҳавопаймои АН–28” унвон кард.
“Чархболи МИ–8 дар шароити мувофиқати обуҳаво ҷиҳати парвоз ба ҳамагуна самтҳо муддати 24 соат дар якшабонарӯз омодааст”,-изҳор дошт сухангӯи “ТоҷикЭйр”.
Ба гуфтаи ҷаноби Хайруллоев, бо чархболи МИ-8 метавон 22 мусофирро ба нуқтаи таъинот расонд, ки нисбат ба ҳавопаймои АН-28 бештар мебошад.
Тибқи нақша парвози нахустин бо чархбол соати 08:00-и 25 феврал сурат гирифта, арзиши чипта – 615 сомониро ташкил медиҳад: “Хоҳишмандон барои дастрас намудани чипта метавонанд ба кассаи фурӯши чиптаҳо, ки дар ошёнаи якуми бинои ҶСК “ТоҷикЭйр” воқеъ аст, муроҷиат намоянд”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |