Талоши Тоҷикистон барои дарёфти роҳи нав ба уқёнус
Мақомоти тоҷик дархост кардаанд, ки Тоҷикистон ба созишномаи транзитии чорҷонибаи Покистон-Чин-Қирғизистон-Қазоқистон қабул карда шавад.
Дар ин бора ”The Express Tribune” аз қавли ҳукуматдорони Покистон хабар дода, афзудааст, ки вуруд ба ин созишнома имкон медиҳад, ки Тоҷикистон бидуни убур аз қаламрави Афғонистон тариқи шоҳроҳи Қароқурум ба бандарҳои Покистон дастрасӣ дошта бошад: “Дархости мақомоти тоҷик қабул гардид ва дар пайи тасвиби ин санад дар парлумони ин кишвар Тоҷикистон узви ин иттиҳодия хоҳад шуд”.
Ин дар ҳолест, ки талоши Тоҷикистон тайи солҳои охир барои имзои созишномаи транзитӣ бо Афғонистону Покистон натиҷае надод.
Қаблан Кобул барои роҳ додани тоҷирони Покистон ба Тоҷикистон, шарт гузошта буд, ки Исломобод тоҷирони Афғонистонро ба Ҳиндустон роҳ диҳад. Шарти Афғонистон, ки аз Покистон хостааст, монеи тиҷорат бо Ҳиндустон нашавад, соли 2015 боиси ба таъхир гузоштани имзои созишномаи транзитии Тоҷикистон, Афғонистон, Покистон шуда буд: “Баъди чанд соли гуфтушунид, аввали соли 2015, зимни имзои созишномаи транзитии сеҷонибаи Тоҷикистон-Афғонистон-Покистон, Кобул шарти нав дар мавриди Ҳиндустонро пешниҳод кард, ки норозигии Исломободро ба вуҷуд овард. Ин нофаҳмӣ боиси боз ба таъхир гузоштани имзои созишнома гардид”.
Мушкили ба тавофуқ нарасидани ҷонибҳо моҳи апрели соли 2015, зимни сафари Ашраф Ғанӣ Аҳмад, раисиҷумҳури Афғонистон ба Ҳиндустон ошкор шуд. Расонаҳои ҳиндӣ иттилоъ доданд, ки Ашраф Ғанӣ ошкоро дар мулоқот бо Нариндра Модӣ, нахуствазири Ҳиндустон изҳор доштааст, ки ба Покистон шарт гузоштаанд, ки барои дастрасияш ба Тоҷикистон кӯмак мекунанд, агар Покистон барои дастрасии Ҳиндустон ба Афғонистон кӯмак намояд. Ба навиштаи ВАО-и Ҳинд ин ташаббус, гарчанде “дипломатияи хушк” аст, ҳадаф аз он пайваст намудани кишварҳо мебошад.
Ин шартгузориҳо дар ҳолеянд, ки солҳост, имзои созишномаи транзитӣ миёни Тоҷикистон, Афғонистон ва Покистон ба таъхир меафтад. Дар ҳоле, ки имзои ин созишнома метавонад, интиқоли осон ва арзони молро аз Покистон ба Тоҷикистон таъмин кунад. Инчунин Душанбе азм дорад, интиқоли шакару гандуми Покистонро ба Тоҷикистон афзоиш дода, тавассути ин кишвар ба нафти Кувайт дастрасӣ дошта бошад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Декабр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 |
2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 |
9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 |
16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 |
23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 |
30 | 31 | |