Қатъи фаъолияти марказҳои бозии компютерӣ дар Душанбе
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон фаъолияти бархе аз марказҳои бозии компютериро дар шаҳри Душанбе қатъ кардааст.
Ин ниҳод имрӯз, 23-юми феврал иттилоъ дод, ки кормандони милиса фаъолияти марказҳои бозиҳои компютериеро, ки бидуни ҳуҷҷатҳои барасмиятдарорӣ дар кӯчаҳои Буни Ҳисорак, Навоӣ, Ғуломов, Зарафшон ва Нусратулло Махсуми ноҳияи Сино ба роҳ монда шуд, қатъ намуданд.
Ба иттилои манбаъ зимни ин чорабинӣ 43 нафар барои шабона машғул шудан ба бозиҳои зӯроваронаи компютерӣ ба идораи пулис оварда шуданд, ки 27 нафари онҳо ноболиғон мебошанд: “Нисбати 21 нафар волидони ноболиғони дастгиршуда протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб доданд. Ҳамчунин, дар ҳузури волидон бо фарзандони дастгиршудаашон корҳои профилактикӣ гузаронида, ба онҳо талаботи қонуни мазкур фаҳмонида шуд”.
Вазорати умури дохилӣ мегӯяд, рафти ин чорабинӣ муайян намуд, ки новобаста аз огоҳсозию фаҳмондадиҳӣ ҳанӯз ҳам ноболиғон шабона дар марказҳои дилхушиву интернет-кафеҳо ва бозиҳои компютерӣ ба ҳар гуна корҳои беҳудаву зараровар машғул мебошанд.
Ахиран Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон дар мулоқот бо фаъолону масъулини пойтахт Вазорати маориф ва илмро муваззаф кард, ки якҷо бо мақомоти дигар барои коҳиш додани шумораи беҳудагардон ва ҷалби хонандагон ба зинаи сеюми таҳсилот тадбирҳои самаранок андешанд: “Аз ин лиҳоз, ба вазоратҳои корҳои дохилӣ, маориф ва илм, инчунин, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе супориш дода мешавад, ки воридшавии хонандагони мактабҳои таҳсилоти умумӣ ва умуман, наврасони то синни 14 - соларо баъд аз соати шаши бегоҳӣ ба интернет – кафеҳо манъ намоянд. Ҳамзамон бо ин, мақомоти дахлдор вазифадор карда мешаванд, ки дар хусуси ба Қонун “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” ворид намудани ҷавобгарӣ нисбат ба падару модароне, ки фарзандони худро беназорат мегузоранд, чораҷӯӣ намоянд”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |