Шарҳи ВКД дар бораи сӯхтори бинои “Амонатбонк”
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон ҳодисаи сӯхтори рӯзи 21 феврал дар бинои марказии “Амонатбонк”-ро расман шарҳ додааст.
Бино ба иттилои торнамои ин ниҳод, сӯхтор дар пайи расиши кӯтоҳи ноқилҳои барқӣ сар задааст. Манбаъ аз қавли масъулини “Амонатбонк” мегӯяд, дар натиҷаи сӯхтор ҳуҷҷат ва ё дигар амонату маблағҳои бонк хисорот надидаанд: “Сӯхтор дар қисмати боми бинои бонк сар зада, бо қабули бонги хатар фавран ба маҳалли ҳодиса 13 нақлиёти асосӣ ва махсуси оташнишонии Сарраёсати хадамоти оташнишонии Вазорат ва воҳидҳои он сафарбар карда шуданд. Ҳангоми ҳозир шудан ба ҷойи ҳодиса муайян гардид, ки қисмҳои чӯбини боми бинои мазкур дар масоҳати 250 м2 оташ гирифтаанд”.
Ба иттилои ВКД, дар натиҷаи гузаронидани амалиёти фаврии тактикии оташнишонон роҳҳои паҳншавии алангаи оташ дар ҳама самтҳо пешгирӣ карда шуда, дар кӯтоҳтарин фурсат бе паҳншавӣ дар масоҳати аввалааш хомӯш карда шуд: “Тибқи иттилои коршиносони соҳа сабаби сӯхтор расиши кӯтоҳи ноқилҳои барқӣ мебошад”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |