Русия: Ҳалокати муҳоҷирони тоҷик дар садамаи нақлиёт
Панҷ тан аз қурбониёни садамаи нақлиётии вилояти Саратов шаҳрвандони Тоҷикистон ва Узбакистон ҳастанд. Дар ин бора РИА Новости бо такя ба иттилои додситонии вилоят хабар медиҳад.
Қаблан, Шӯъбаи умури дохилии Саратов хабар дод, ки субҳи рӯзи душанбе дар рустои Тарумовкаи ноҳияи Петровск мошини Kia Rio ба роҳи самти муқобили роҳ баромада, ба Nissan Almera бархӯрдааст. Дар натиҷа ду ронанда ва чор мусофири Kia ба ҳалокат расидаанд. Раёсати БДА гуфт, ронандаи Kia эҳтимолан шаҳрванди Тоҷикистон аст: “Мошини Nissan Almera-ро сокини ноҳияи Петровски вилояти Саратов мерондааст. Дар дохили Kia Rio шаҳрвандони Тоҷикистону Узбакистон, бо шумули ду зан қарор доштаанд”.
Гуфта мешавад, шаҳрвандони Тоҷикистону Узбакистон барои нақз накардани кавоиди буду бош дар Русия рӯзи якшанбе марзи Русияву Қазоқистонро убур намуда, ҳангоми ба Маскав баргаштан ба садама дучор шудаанд. Аммо дақиқ гуфта нашудааст, ки чанд тан аз ҳалокшудаҳо табааи Тоҷикистонанд.
Акс аз РИА Новости
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |