“ТоҷикЭйр”: Ҳафтаи оянда парвозҳо аз Душанбе ба Пекин оғоз мешавад
Ширкати ҳавонавардии “ТоҷикЭйр” аз роҳандозии парвозҳо ба Пекин хабар медиҳад.
Азиз Хайруллоев, сухангӯи ин ширкат ба “Озодагон” гуфт, парвозҳои самти Душанбе–Пекин–Душанбе рӯзи 27 феврал оғоз мешавад. “Парвозҳо аз Душанбе ба Пекин рӯзҳои душанбе соати 16:40, тавассути ҳавопаймои бароҳати “Боинг 757–200” сурат мегиранд ва аз Пекин ба Душанбе рӯзҳои сешанбе соати 3:30 шабона бо вақти Пекин анҷом меёбанд. Давомнокии парвоз аз Душанбе ба Пекин – 5 соату 30 дақиқа ва аз Пекин ба Душанбе 6 соату 40 дақиқа мебошад”,-афзуд ӯ.
Арзиши чипта дар ду самт 1748 сомонӣ муайян гардидааст. Хайрулло Раҳимов, сарвари кулли ширкати “ТоҷикЭйр” ҳадафи роҳандозии ин хатсайрро осон намудани рафтуомади сокинони Тоҷикистону Чин унвон карда, гуфтааст, “бо кушода шудани хайтсайри нав муносибатҳои халқҳои ду кишвар боз ҳам наздиктар мешаванд”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |