“Горизонт” 10 миллион рубли муҳоҷиронро надодааст (Феҳристи ширкатҳои қарздор аз муҳоҷирон)
Мақомоти додситонии пойтахти Русия алайҳи ширкати “Горизонт” парвандаи ҷиноӣ боз кардааст. Ин ширкат дар пардохт накардани 10 миллион рубл музди меҳнати муҳоҷирони корӣ муттаҳам мешавад.
Сомонаи расмии Додситони Маскав хабар медиҳад, ки санҷиши ширкат дар пайи муроҷиати 250 муҳоҷири корӣ аз Тоҷикистон, Узбакистон ва Қирғизистон сурат гирифта, дар пайи он далелҳои пардохт нагардидани ҳаққи кори муҳоҷирин исбот шудааст: “Аз моҳи августи соли 2016 то феврали 2017 ширкат аз коргарон бештар аз 10 миллион рубл қарздор шудааст”.
Ин нахустин ҳолати шикояти муҳоҷирон аз пардохт нашудани музди меҳнаташон аз сӯи ширкати “Горизонт” нест. Қаблан ҳам дар пайи шикояти муҳоҷирон мақомоти прокуратура барои напардохтани 8,8 миллион рубл ду масъули ширкатро ба ҷавобгарӣ кашида буд.
Каромат Шарипов, раҳбари Ҷунбиши муҳоҷирони тоҷик дар Русия рӯзи гузашта феҳристи иборат аз 96 ширкати сохтмониву поккории шаҳри Маскавро нашр кард, ки ба гуфтаи ӯ якуним миллиард рубл маоши муҳоҷиронро напардохтаанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |