Ҷаласаи Шӯрои амният: Аз афзоиши хатари равияҳои террористӣ то таълим дар макотиби ғайриқонунии динӣ
Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон мақомоти қудратии кишварро муваззаф кардааст, дар мубориза алайҳи амалу ҳодисаҳои номатлуби ҷаҳони муосир омодагии доимӣ дошта, муқовимати шадид анҷом бидиҳанд. Ин супориши Президент рӯзи 17 феврал дар ҷаласаи Шӯрои амнияти Тоҷикистон садо додааст.
Бино ба иттилои дафтари матбуоти раисҷумҳур дар кори ҷаласа аъзои доимӣ ва узви Шӯрои амният, раисони Додгоҳҳои конститутсионӣ, олӣ, олии иқтисодӣ, роҳбарони сохторҳои низомӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот ва дигар масъулони вазорату идораҳои қудратӣ иштирок доштаанд.
Манбаъ мегӯяд, ба таври муфассал масъалаҳои вобаста ба фаъолияти сохторҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот дар соли 2016 баррасӣ шуда, нақшаи тадбирҳои навбатию иловагӣ дар ин самт барои соли 2017 тарҳрезӣ ва мушаххас гардиданд. Юсуф Раҳмон додситони кул, Сулаймон Султонзода директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, Рамазон Раҳимзода вазири корҳои дохилӣ, Саймумин Ятимов раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Шералӣ Мирзо вазири мудофиа, Бобоҷон Ҷамолзода фармондеҳи Гвардияи миллӣ, Раҷабалӣ Раҳмоналӣ фармондеҳи Қушунҳои сарҳадӣ, Шерхон Салимзода директори Агентии назорати маводи нашъаовар ва Рустам Назарзода раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода дар ҳузури Эмомалӣ Раҳмон ҳисобот додаанд.
“Таъкид гардид, ки вазъи кунунии ҷаҳони муосир ва афзоиши хатари равияҳои террористӣ, экстремизми диниву сиёсӣ ва фаъолияти тахрибкоронаи онҳо аз ҳар роҳбари ниҳоду сохторҳои низомию ҳифзи ҳуқуқу тартибот ва кормандони қатории онҳо ҳисси баланд ва масъулияти бузурги ватандӯстию хештаншиносиро тақозо менамояд. Барои муқовимати фаъол нишон додан ба кирдорҳои коррупсионӣ, пешгирии амалҳои ношоям дар ин самт, тақвияти муборизаи беамон бар зидди он ва таъмини амнияти иқтисодии давлат зарурияти таҳия ва андешидани чорабиниҳои иловагӣ талаб карда шуд”,-меафзояд манбаъ.
Дафтари матбуоти Президент мегӯяд, дар кори ҷаласа ҳамчунин масъалаҳои вобаста ба хариду фурӯши ғайриқонунии замин, суистифода аз мансаб, риояи қонунгузорӣ дар соҳаи меҳнат, татбиқи қонун “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, пешгирӣ аз амалҳои ғайриқонунии кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот, ҳодисаҳои даст ба худкушӣ задани ҷавонон, иштироки онҳо дар низоъҳои кишварҳои хориҷӣ, аз ҷумла дар муноқишаҳои давлати Сурия, узвияти ҷавонону наврасон дар созмону ташкилотҳои террористию экстремистӣ, таълиму тадриси ҷавонон дар мактабҳои ғайриқонунии динии кишварҳои хориҷӣ, фаъолияти ғайрирасмии масҷид ва дигар муассаҳои динӣ, ҳолатҳои даст ба ҷиноят задании ҷавонону наврасон дар муассисаҳои таълимӣ ва қисмҳои ҳарбӣ, инчунин сатҳи пасти корҳои тарбиявию тарғиботӣ дар ҷузъу томҳои низомӣ мавриди баррасӣ қарор гирифта, роҳбарони сохторҳои марбута ҷиҳати тақвият бахшидани тадбирҳо барои бартараф намудани камбудию норасоиҳо дар ин самт вазифадор гардиданд: “Бо ёдоварӣ аз зуҳуроти амалҳои террористию экстремистӣ авзои зудтағйирёбандаи минтақа ва ҷаҳон, таҳаввулоту ҳодисаҳои минтақаҳои гуногуни олам ва афзоиши ҷиноятҳои муташаккил Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои омодагии доимӣ ва муқовимати шадид дар мубориза бар зидди ҳар гуна амалу ҳодисаҳои номатлуби ҷаҳони муосир масъулони дахлдорро вазифадор намуданд”.
Эмомалӣ Раҳмон барои пурзӯр намудани қудрати мудофиавии кишвар, ҳимояи ҳуқуқҳои инсон ва шаҳрванд, тақвияти ҳифзи марзи давлатӣ, боло бурдани сатҳи омодагии ҷузъу томҳои низомӣ ва беҳсозии таъминоти моддию техникии онҳо, таҳкими интизоми ҳарбӣ, баланд бардоштани руҳияи маънавӣ, ҳисси ватандӯстию масъулиятшиносӣ ва таҷрибаву маҳорати касбии муҳофизони марзу буми кишвар, кормандони мақомоти судӣ, сохторҳои низомӣ ва ҳифзи ҳуқуқу тартибот ҳам ба масъулин дастуру супориш додааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |