Эълони ҳукми шаҳрванди Тоҷикистон, ки дар маблағгузории терроризм муттаҳам мешуд
Додгоҳи гарнизони ҳарбии Красноярск аз эълони ҳукми як шаҳрванди Тоҷикистон хабар додааст.
Дафтари матбуоти ин додгоҳ ба расонаҳои русӣ гуфтааст, табааи Тоҷикистон дар омодагӣ ба таркиш ва маблағгузории терроризм муҷрим шинохта шуда, 10 сол равонаи зиндони низомаш пурзӯр гардидааст. Ӯро ҳамчунин дар нигоҳ доштанги маводи мунфаҷира, айбдор кардаанд.
Додгоҳ нагуфта, ки шаҳрванди Тоҷикистон дар куҷо қасди амалиёти террористиро доштааст. Аммо Раёсати ФСБ дар Кросноярск, ки тафтишоти ин қазияро анҷом додааст, ба расонаҳо хабар дода, иттилои бештарро дар ин маврид ҳафтаи оянда дар ихтиёри расонаҳо мегузоранд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |