Гуфта мешавад, дар мавзеъи Фахробод, 11 намуди ангур парвариш меёбад ва минбаъд дар ин мавзеъ 21 навъи ин мева рўёнда хоҳад шуд. Ба ҷузъ ин, дар 355 га навъҳои содиротии себ, нок, зардолу, шафтолу, гелос, олу, олуболу, олуча, чормағз, бодом, анҷир, анор, тут, писта, биҳӣ ва лиму, дар 198 га токзори нав ва қариб 50 га дарахтони сояафкану ороишӣ шинонда шудаанд. Хоҷагӣ дар 30 га ҳамчунин қитъаи ниҳолпарварӣ дорад ва мекўшад, ки худ ва дигар хоҷагиҳои боғу токпарвариро бо навниҳолҳои хушсифат таъмин намояд.Натиҷаи кори роҳбарияти хоҷагӣ аст, ки ҳоло барои ду сол захираи ғалладона ва хӯроки чорво доранд. Соли гузашта ба ҳар як мутахассису аъзои хоҷагӣ ғайр аз маоши моҳона аз 500 то 1100 килограмӣ гандуми истеъмолӣ додаанд.
Тавре маълум шуд, боғу токзор ва зироатҳои обталаби ин мавзеъ бо истифода аз технологияҳои муосир ба тариқи қатрагӣ обёрӣ карда мешаванд. Барои ин аллакай 2 млн. 200 ҳазор метр лўлаи махсуси обёрии қатрагӣ дастрас карда шудааст.
Мӯҳр« Ноябр 2024 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
1 | 2 | 3 | ||||
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |