Андуҳи Э.Раҳмон аз ҳамлаи “ДИИШ” ба ибодатгоҳи сӯфиён (ВИДЕО)

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, ҳамлаи маргталабонаи террористонро ба ибодатгоҳи шаҳри Сеҳвани музофоти Синд маҳкум кардааст.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо ирсоли барқияи тасаллият ба Муҳаммад Навоз Шариф, сарвазири Покистон изҳор доштааст, ки “хабари фоҷиабори таркиши маргталабонаи террористӣ дар ибодатгоҳи шаҳри Сеҳвани музофоти Синд, ки муҷиби шаҳодати даҳҳо зоирону мардуми бегуноҳ ва захмӣ шудани зиёда аз 150 нафар шаҳрвандони кишвар гардидааст, моро ниҳоят андӯҳгин намуд. Тоҷикистон ин аъмоли ғайриинсонии як иддаи ҷинояткорро, ки онро бо номи дини мубини ислом пӯшиш медиҳанд, маҳкум намуда, зарурати идомаи муборизаи сарҷамъонаи беамонро алайҳи терроризм қотеъона таъкид менамояд. Бо изҳори таъзия ва тасаллияти самимӣ ба тамоми мардуми дӯсти Покистон, аз Ҷаноби Олӣ хоҳишмандам, ки эҳсоси ҳамдардии амиқи моро ба наздикони фавтидагон бирасонанд. Ба маҷрӯҳшудагон шифои оҷил ва комил орзумандам”.
Ҳамла ба ибодатгоҳи сӯфиён 16-уми феврал рух дода, ба иттилои мақомоти Покистон 72 кушта барҷой гузошт. Масъулияти ҳамларо гурӯҳи тундрави "Давлати исломӣ" бар ӯҳда гирифтааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Март 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 |
3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 |
10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 |
17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 |
24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |
31 | |