АКС: “Роҳат” дар феҳрасти 11 чойхонаи беҳтарини ҷаҳон
Шабакаи маъруфи "CNN" дар сархати 11 чойхонаи беҳтарини ҷаҳон чойхонаи “Роҳат”-ро қарор додааст, ки соли 1958 дар шаҳри Душанбе мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтааст.
Адриэн Ҷордан, муаллифи матлаби 11 чойхонаи беҳтарини ҷаҳон менависад, дар сайёра қаҳва ҷойи чойро танг карда буд, аммо ахиран таваҷҷуҳ ба чой боз афзоиш ёфтааст ва дар бархе аз минтақаҳо ин намуди нӯшокӣ ҳеч гоҳ маъруфияташро аз даст надода буд.
Дар идома муаллиф чойхонаҳоро ҷойи дилхушиву вақтгузаронӣ ва суҳбат сари як пиёла чой муаррифӣ карда, дар баробари “Роҳат” чойхонаҳои Tea House 278” дар шаҳри Бар Ҳарбори аёлати Мейни Амрико, чойхонаи "Рангун” дар шаҳри Янгони Бирма, "Leaf Tea Bar” дар Рочестери Ню-Йорк, чойхонаи боғи Сенган-Ин дар шаҳри Кагошимаи Ҷопон, чойхонаи "Plain of Six Glaciers” дар Лейк Луизи Канада, "The Random Tea Room” дар шаҳри Филаделфияи аёлати Пенсилванияи Амрико, "Proper Tea” дар Манчестери Инглистон, "The Anne Hathaway Cottage Tea Room” дар Стаунтони аёлати Вирҷиния ва "Rx Tea Time” дар аёлати Вайоминги Амрико ва чойхонаи ПинВон дар шаҳри Сужоуи Чинро вориди феҳрасти беҳтаринҳо кардааст.
Шомил шудани “Роҳат” ба феҳрасти беҳтарин чойхонаҳои ҷаҳон дар ҳолест, ки мақомоти тоҷик ахиран изҳор доштанд, ки он бар асоси нақшаи нави генералӣ тахриб хоҳад шуд. Ахиран Ҷамшед Аҳмадзода, раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони Тоҷикистон, гуфт, барои таҳияи феҳрасти нави биноҳои таърихию фарҳангӣ комиссияи ҳукуматӣ аз ҳисоби масъулини фарҳанг, меъморӣ ва дигар мутахассисон ташкил ёфтааст, вале то ҳол маълум нест, ки комиссия “Роҳат”-ро ба рӯйхати ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ворид мекунад ё на.
Таҳияи феҳрасти нави ёдгориҳои таърихӣ-меъморӣ дар ҳолест, ки Пажуҳишгоҳи давлатии шаҳрсозии Русия-“Гипрогор” бо фармоиши шаҳрдории Душанбе нақшаи генералии пойтахтро дар таҳрири нав таҳия карда, зарур хонда буд, ки дар хиёбони Рӯдакӣ ҳадди ақал 15 бино, аз ҷумла чойхонаи “Роҳат” бояд ҳамчун ёдгорӣ ҳифз шавад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |